Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САДОҚАТ БА ВАТАН – МАСЪУЛИЯТ, НА ГУФТОР
Хизмат ба мардум, пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва садоқатро ба давлат бояд ҳар корманди масъул на танҳо дар гуфтор, балки дар рафтору натиҷаи кораш исбот намояд.
Садоқат ба Ватан, садоқат ба миллат ва содиқ будан ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ин шиори рӯзмарраи ман аст, ки тули солҳо онро дар дил мепарварам ва ба зиндагиву фаъолияти касбии худ меҳвар қарор додаам. Ман ин садоқатро ҳанӯз аз рӯзи аввал, ки бо Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қабул шудам, эҳсос намудам. Он рӯзе буд, ки шуълаи муҳаббат ба Ватан ва эҳсоси масъулият дар қалбам аланга зад.
Аз соли 2010 то имрӯз, ҳар лаҳзаи фаъолияти касбии худро ҳамчун роҳи хизмат ба давлату миллат мебинам. Ман дар вазифаҳои гуногун – аз омӯзгори мактаб, то роҳбари бахшҳои мухталиф, котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдак, директори китобхона ва осорхона, муовини якуми раиси ҷамоати шаҳрак ва имрӯз ҳамчун раиси Ҷамоати деҳоти Ҳалевард – як чизро устувор нигоҳ доштаам: бо дили соф ва садоқати комил ба мардум хидмат кардан.
Дар татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва барномаҳои давлативу миллӣ мо дар сатҳи ҷамоат фаъолияти назаррас дорем. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои ҷамъиятӣ ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар самти беҳтарсозии шароити зиндагии мардум пайваста роҳандозӣ мешаванд. Иншооти зиёде ба истифода дода шудаанд ва муассисаҳои таҳсилотӣ барои соли хониши 2025–2026 дар марҳилаи омодагии ҷиддӣ қарор доранд.
Сокинони ҷамоати мо – Ҳалевард асосан ба кишоварзӣ машғуланд ва дар истеҳсоли маҳсулоти стратегӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пилла ва дигар зироат саҳми босазо мегузоранд. Онҳо инчунин дар рушди инфрасохтор ва таъмини бозори маҳаллӣ саҳм мегузоранд.
Барои мо, фаҳмондадиҳӣ ва кор бо ҷомеа – воситаи муҳими баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва густариши ҳисси ватандӯстӣ аст. Бо усули «Хона ба хона», «Деҳа ба деҳа», мо бо ҳар як хонавода мулоқот мекунем ва ҳис мекунем, ки натиҷаҳо мушаххасанд: мардум огоҳтаранд, фаъолтаранд ва ҳиссаи худро дар пешрафти ҷомеа мебинанд.
Чунин корҳо, бахусус миёни ҷавонон дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои миллӣ – Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият, Наврӯз аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Мо барномаҳои фарҳангӣ, намоишномаҳо ва вохӯриҳои тарбиявиро ба роҳ мемонем, то муҳити маънавӣ пурзӯр ва ҳисси ифтихор аз миллат тақвият ёбад.
Ҳар шахсе, ки ба хизмати давлатӣ пазируфта мешавад, бояд бо виҷдони пок ва садоқат ба кор оғоз кунад. Ман ҳамчун роҳбар чунин маърифату муносибатро аз кормандон тақозо менамоям. Мо мунтазам дар сатҳи ҷамоат машваратҳо, курсҳои омӯзишӣ ва суҳбатҳои тарбиявӣ баргузор мекунем. Вақте корманд ба Ватан содиқ аст, ӯ ба мардум, ба касб ва ба арзишҳои миллӣ низ содиқ мемонад.
Мушкилот ҳаст – ин воқеият аст. Аммо мо ҳамеша бо ҳама гуна воситаҳо – муроҷиати шифоҳиву хаттӣ, телефон ва паёмак – дар хизмати мардум қарор дорем. Ҳар масъалае, ки ба ҷамоат дахл дорад, ҳал мекунем. Онҳое, ки аз доираи салоҳиятҳои мо берунанд, ба сохторҳои боло ирсол карда мешаванд. Ҳамаи муроҷиатҳо сабт ва пайгирӣ мешаванд.
Ҳамеша мекӯшам, ки бо ифтихор бигӯям: ман як зани тоҷикам, як ходими давлатӣ, ки барои халқу Ватан содиқона хизмат мекунам. Дидани чеҳраи нуронии Пешвои миллат дар ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва суханрониҳои илҳомбахши эшон ба ман неру мебахшанд. Ин манбаи ифтихор ва илҳомест, ки маро ба садоқати бештар мебарад.
Садоқат – ин танҳо як калима нест. Барои ман, ин шеваи зиндагӣ аст.
Адолат Имомиён, раиси Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ



