Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ — МАСЪУЛИЯТИ ҲАМАГОН
Проблемаи экстремизм ва терроризм имрӯз ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи иҷтимоии кишварҳо табдил ёфтааст. Дар ин замина, мо бо Ҷӯразода Зайниддин, прокурори ноҳияи Дӯстӣ, мусоҳибае анҷом додаем, ки дар он паҳлуҳои ҳуқуқӣ ва амалии пешгирии ин хатар баррасӣ мегардад.
– МУҲТАРАМ ПРОКУРОР, ЛУТФАН ДАР БОРАИ МОҲИЯТИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВА РОБИТАИ ОНҲО БО ТУНДГАРОӢ МАЪЛУМОТ МЕДОДЕД.
– Экстремизм ва терроризм дар пайдоиш ва амал аз мафҳуми тундгароӣ сарчашма гирифта, бо ҳам вобастагӣ дошта, ҳадафашон як буда, яке идомадиҳандаи дигаре мебошанд.
Яъне экстремизм ва терроризм, марҳилаи ниҳоии ташаккул ва амалӣ гардидани ақида ва ғояҳои тундраве мебошанд, ки ба тағйир додани низоми сиёсӣ ва арзишҳои ҷомеа равона шудаанд.
Тавре мо дар таҷрибаи ҳаёти имрӯзаи ҷомеа мебинем, ин зуҳурот дар ибтидо танҳо аз фикру ақида иборат буда, оҳиста-оҳиста ба амал, аз қабили даъват ба зӯроварӣ, истифодаи қувва ва дигар усулҳои нораво дар роҳи расидан ба ҳадафҳои гузошташуда табдил меёбад.
Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ, имрӯз дар он андеша аст, ки чораи аз ҳама муассири мубориза бо экстремизм ва терроризм, ин пешгирии он дар марҳилаҳои барвақтӣ, яъне дар марҳилаи ибтидоии он буда, мебояд омилҳои ба он мусоидаткунанда дарёфт ва бартараф карда шаванд.
–ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ИН ЗУҲУРОТ ЧӢ ТАДБИРҲО АНДЕШИДААСТ?
– Дар ин раванд, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллии кишвар ва рушди босуботи ҷомеа, заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ ва ниҳодии худро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ташаккул дода, бо бисёр кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро дар ин ҷода ба роҳ мондааст.
Бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуд буда, ҳанӯз 12 ноябри соли 2016 бо Фармони Президенти кишвар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» қабул ва мавриди амал қарор дода шуда, он натиҷаҳои дилхоҳро дар ин самт додааст.
Баъдан ин Барномаи миллӣ, яъне “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз нав санаи 1 июни соли 2021 бо Фармони навбатии Президенти мамлакат тасдиқ ва қабул карда шуд, ки мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалишавии ин Стратегияи миллӣ, ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз муваззаф гардидааст.
–ТАТБИҚИ ИН СТРАТЕГИЯ ДАР АМАЛ ЧӢ ГУНА НАТИҶАҲО ДОД?
– Имрӯз Стратегияи миллӣ барои аз байн бурдани омилҳои ба ифротгароӣ мусоидаткунанда, ки ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хавф ва таҳдид эҷод мекарданд, нақши муҳим дорад.
Яъне дар натиҷаи татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025:
- ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муқовимати дастҷамъӣ ба ин зуҳурот сафарбар гардиданд;
- дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ноболиғону ҷавонон, руҳониён, муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳкумшудагон, занону духтарони деҳот ва дигар гурӯҳҳои осебпазир чорабиниҳои густурдаи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуданд;
- ҷиҳати таъмини фароғати ҷавонон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд;
- заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодии муқовимат бо экстремизм ва терроризм такмил дода шуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшида шуданд.
Таҷрибаи амалӣ гардидани Нақшаи амалҳо оид ба амалисозии ин Стратегия нишон дод, ки аҳли ҷомеаи имрӯза аллакай дарк намуданд, ки:
- ифротгароӣ ва терроризм танҳо як навъи ҷинояткорӣ набуда, мубориза бо он танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки дар муқовимат ба он, қувваи дастаҷамъӣ, яъне ҷомеаи шаҳрвандӣ низ масъул ва саҳмгузор аст.
Дар маҷмуъ, бо шарофати ин тадбирҳои андешидашудаи Нақшаи амалҳои Стратегия сатҳи тундгароӣ дар ҷомеа, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои экстремистию террористӣ коҳиш ёфтааст.
– АСЛАН ОМИЛҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ДАР ЧИСТ?
– Омилҳое, ки боиси ифротӣ гардидани ҷавонон мегарданд, якчандто ҳастанд ва омили асосӣ риоя нагардидани меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар самти озодии виҷдон шуда метавонад.
– ДАР ОХИР ПАЁМИ ШУМО БА ҶОМЕА ЧИСТ?
– Ифротгароӣ ва терроризм танҳо як навъи ҷиноят нестанд. Муқовимат ба онҳо танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Ҳамкории давлат ва мардум метавонад роҳи дурусти ҳифзи субот ва амнияти миллӣ бошад.
Суҳбаторо М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



