Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Тайёрии амалии донишҷӯён дар нерӯгоҳҳои кишвар таҳким меёбад
Исозода Д.Т. ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки донишкада дар шашмоҳаи аввали соли 2025 барои баланд бардоштани сатҳи тайёрии амалии донишҷӯён тадбирҳои муҳим амалӣ намуд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи ихтисос дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои саноатӣ гузаронида шуда, барои мутобиқ кардани донишҳои назариявӣ ба таҷрибаи амалии истеҳсолӣ мусоидат мекунад.
Айни замон дар донишкада 1532 донишҷӯ ва магистрант таҳсил мекунанд, аз ҷумла 918 нафар дар шуъбаи рӯзона, 456 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва 27 нафар дар магистратура. Дар соли 2025 375 нафар хатм намудаанд, ки аз онҳо 23 нафар тибқи квотаи президентӣ, 86 нафар тибқи буҷавӣ ва 16 нафар бо дипломи аъло таҳсилро ба поён расондаанд.
Барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, 22 нафар аз курси такмили ихтисос дар назди Донишгоҳи техникии Флоренсияи Италия гузаштаанд. Дар донишкада 4 факултет ва 11 кафедра фаъолият доранд, ки дар онҳо 106 омӯзгор, аз ҷумла 4 доктори илм ва 29 номзади илм, 39 саромӯзгор ва 33 ассистентон фаъолият мекунанд.
Роҳбарияти донишкада таъкид менамояд, ки таваҷҷуҳ ба омодасозии амалии мутахассисони соҳаи энергетика дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои истеҳсолӣ минбаъд низ идома меёбад, то онҳо ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд.
Маҳмадалӣ Маҳмадалиев "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



