Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ГЕЛОС
Меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон манбаи витаминҳо буда, ба саломатии инсон манфиати зиёд доранд. Бояд гуфт, ки табиати зебою афсункори диёр ҳар фасли сол бо зебогию неъматҳояш ба қалбҳо фараҳу ба ҷисми инсон солимӣ мебахшад. Ин навбат тасмим гирифтем, ки аз манфиати яке аз меваҳои хушлаззат - гелос баҳратон маълумот диҳем.
ЧАРО МО МЕВАЮ САБЗАВОТИ ТАРУ ТОЗАРО “ГАНҶИНАИ ШИФО” МЕНОМЕМ?
Зеро дар баробари ширину лазиз буданашон ҳар яке ба худ хусусияти шифобахширо дорад. Гелос буттамеваи шаҳдборе мебошад, ки истеъмоли он моеи зиёдатиро аз бадан хориҷ карда, раванди сӯхтани чарбҳо, қабзиятро бартараф, пӯстро тоза, хотира, хоб ва сустбиниро беҳтар мекунад. Агар пеш аз хоб чанд дона гелосро истеъмол кунед, кафолати оромӣ ва хоби шумо хоҳад буд.
Гелос аз меваҳое мебошад, ки калория ва туршнокии паст дорад ва ба он нафароне аз зардаҷӯш азият мекашанд, бисёр манфиатбахш аст. Дар таркиби ин буттамева витаминҳои зиёд, аз ҷумла оҳан, магний ва ғайраҳо мавҷуд мебошад, ки дар мустаҳкамии масунияти бадан ва табобати камхунӣ басо қуллай аст. Инчунин, нафароне фаъолияти душвори ҷисмонӣ доранд ва ба буғумдард гирифторанд, мутахассисони тиб тавсия медиҳанд, ки бештар гелос истеъмол намоянд. Истеъмоли гелос дарди буғумҳоро коҳиш дода, гардиши хунро беҳтар месозад ва бемории саратонро пешгирӣ менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки натанҳо буттамева, балки чӯбчаҳои он ба саломатии инсон фоидабахш аст. Чӯбчаҳои гелосро гирифта, бо об ҷӯшонида то хунук шуданаш нигоҳ медорем ва саҳару бегоҳ пеш аз истеъмоли ғизо нӯшидан хусусияти пешобронӣ дошта, намакҳои зиёдатиро, ки ба буғумҳо зараровар аст, хориҷ мекунад. Онро ҳамчун давои халқӣ барои муолиҷаи варамҳо, бемории подагра, санги пешобдон ва фишорбаландӣ васеъ истифода мебаранд.
ЭҲТИЁТ БОШЕД!
Ин буттамева гуногун мешавад - ширин ва каме туршмазза, беранг ва серранг. Барои гирифторони бемории диабети қанд истеъмоли буттамеваи ширин қатъиян манъ аст ва ранги баланддоштаи он ба нафарони аллергия дошта тавсия дода намешавад. Инчунин, он нафароне, ки захми рӯдаву меъда доранд ва туршнокиашон баланд аст, эҳтиёт намоянд. Барои шахсони солим низ истеъмоли буттамева то 300-400 гр тавсия дода мешавад, зеро истъмоли аз меъёр зиёд он ба дарунравӣ оварда мерасонад. Барои кӯдакони то се сола истеъмоли гелос зери назорат бояд бошад. Зеро дар ҳолати бо донааш истеъмол кардан, эҳтимоли роҳи нафасро гирифтан ҷой дорад, ки барои ҳаёти кӯдак хатари ҷиддӣ дорад.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



