Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дӯстӣ. Бунёди ду бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ
Дар ноҳияи Дӯстӣ дар самти бунёду ба истифода додани биноҳои наву замонавии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххасе роҳандозӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ду бинои иловагӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Ҷурабек Идибекзода зимни суҳбат иброз кард, сохтмони ду бинои иловагӣ, яке дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳоти “Ҷилликул” ва дигаре дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳоти “Навзамин” дар арафаи анҷоёбӣ қарор доранд.
Иншооти аввал аз 10 синфхона, утоқи омӯзгорон, ҳуҷраи директори муассиса, анборхона, утоқи кормандони техникӣ, ҳавзи обгирӣ бо ғунҷоиши 96 метри мукааб, ва майдончаи варзишӣ иборат буда, бо дастгирии Бонки Исломии Рушд ба маблағи 4 миллиону 820 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, барои 480 хонанда дар як баст ҷои нишаст муҳайё хоҳад шуд.
Иншооти дуюм низ бо дастгирии Бонки Исломии Рушд бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ сохта шуда, аз 10 синфхона, ҳуҷраи маъмурият ва дигар инфрасохтори лозимӣ иборат мебошад. Дар ин иншоот низ 480 хонанда дар як баст бо ҷои нашаст таъмин хоҳанд шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳар ду иншоот дар оғози соли таҳсили нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН




