11 мар 09:39АСОСӢ / Мақомот

БОНУВОНИ ЖУРНАЛИСТ ДАР РУШДИ МАТБУОТИ ТОҶИК САҲМИ БОРИЗ ДОРАНД

    Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Иттифоки журналистони Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ вилоятӣ таҳти унвони «Нақши бонувони эчодкор дар рушди матбуоти тоҷик» баргузор гардид.

Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, кули бонувони эҷодкорро ба муносибати иди баҳору Модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният гуфт. Ӯ бо ёдоварӣ аз заҳматҳои бонувон дар соҳаи журналистика ва нақши онҳо дар рушди матбуоти тоҷик зикр намуд: “Агар сухан дар хусуси аввалин журналистону публитсистон равад, бештар номи Насрулло Абдуллоеву Мирсаид Миршакарро мегиранд, ки нахустин муҳаррирони рӯзномаи тоҷикии «Зарбдори сохтмони Вахш» будаанд. Аммо ҳанӯз қабл аз таъсиси ин рӯзнома дар “Вахшстрой” зани ҷавону роҳи оҳансозе бо номи Валентина Петровна Астафева соҳибрӯзнома будааст. Валентина Астафева тирамоҳи соли 1930 аз шаҳри Сарамскии Россия ба савхози Вахш омада, ин ҷоро қароргоҳи кору зиндагии хеш интихоб мекунад. Дар баробари иштирокаш дар сохтмон ин комсомолдухтарро нахустин рӯзноманигор дар водии Вахш ҳисобидан мумкин аст. Зеро ҳанӯз солҳои 1930, 31 то ба замони ба миён омадани “Ударник Вахшстроя” аввалин нашрияи бақайдгирифта шуда, дар Хатлонзамин Валентина Астафева дар маҳали сохтмон рӯзномаҳои девории ҷолибу шавқовар мебаровард ва дар он хабарҳоро оид ба ҷараёни сохтмон, кори пурмашаққат вале наҷибу бошарафонаи садҳо кормандони он ҷой медоданд. Тӯли 90 соли мавҷудияти матбуот дар вилояти Хатлон бонувони эҷодкори мо саҳми боризе дар маҳви бесаводӣ, тарғибу ташвиқи омма ба корҳои ободонию созандагӣ, бедорӣ, маърифатнокӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини ҳуқуқ ва хештаншиносӣ саҳми бориз гузоштаанд”,- афзуд Ф. Шарифӣ. 

Дар баромади худ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода иброз намуд, ки ҳукумати мамлакат баҳри беҳтар намудани шароити моддию техникии ВАО ва дастгирии рӯзноманигорон пайваста тадбирҳои нек меандешад.

Дар маърӯзаи худ Дилором Маҳкамова, мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  оид ба саҳми бонувон дар рушди илми журналистика қайд намуд, ки дар ду муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилоят бахши алоҳидаи рӯзноманигорӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо садҳо нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз рӯи теъдоди дохилшавии довлаталабон ба ихтисоси рӯзноманигорӣ бармеояд, ки миёни онҳо ҷавондухтарон хеле зиёданд. Дар бахши магистратура иддае аз онҳо ба таҳқиқи паҳлуҳои мухталифи матбуот ва ВАО-и вилояти Хатлон машғул мебошанд.

Бо қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои аҳли қалам махсусун бонувони журналист аз тарафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба як қатор эҷодкорон, ки дар рушди матбуоти точик ва таълиму тарбия намудани шогирдон дар ин самт саҳми муносиб доранд, бо нишони ҷашнии «100 солагии матбуоти тоҷик» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабини бошад, донишҷӯёну ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар шеъру сурудҳои тараннумгари модару ватанро хонданд ва дар тантанаи он бонувони қаламкаш ба рақс баромада, хурсандӣ карданд. 


М. Амонҷон
Добавить комментарий