Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — НАҶОТИ МИЛЛАТ
«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Эмомалӣ Раҳмон
Вақте сухан аз Ваҳдат, якпорчагӣ ва сулҳу суботи тоҷикон меравад, набояд фаромӯш сохт, ки Ваҳдати тоҷикон маҳз аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Солҳои 1992 дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар хеле вазнин гашт. Дар марказ ва ҷануби кишвар ба маънои томаш ҷанг оғоз ёфта, парокандагии миллат ба вуҷуд омад, ки он барои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллати тоҷик хатари бузург дошт.
Дар ҳамин гуна вазъият бо ибтикори шахсиятҳои солимфикру ояндабин дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ба кори худ оғоз бахшид.
Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи Иҷлосияи мазкур интихоби раиси Шурои Олии Тоҷикистон буд. Ба ин вазифаи олӣ марди тавоно, хирадманд, оқил, ташкилотчии моҳир, сиёсатмадори асил ва дурандешро интихоб кардан лозим меомад. Хушбахтона, чунин шахсият ёфт шуд ва он чеҳраи нуронӣ ҷавонмарди бо нангу номуси тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои аввалини Сарвари давлат буданд, қадами ҷиддие ба сӯи Ваҳдати миллӣ дониста шуд.
Набояд фаромӯш сохт, ки ин абармарди миллат аз лаҳзаҳои аввалини фаъолияти хеш тамоми азму иродаи худро ба масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат – таъмини сулҳу субот, муттаҳид кардани сокинони кишвар, истеҳкоми Ваҳдати миллӣ бахшиданд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар симои роҳбари худ шахсиятеро дарёфтанд, ки мақсадашон сулҳу салоҳ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободию осудагии халқ буд.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст ва дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан афзуда, аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ пеш меравад.
Раванди барқарорсозии сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқи азиз имкон фароҳам овард, ки сулҳу салоҳ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд, ба зудӣ оташи низоъ хомӯш гардад. Ваҳдат – беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ соҳибистиқлолии кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ доштан имконпазир аст.
Имрӯзҳо самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори пояҳои ваҳдатгироӣ аст, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои бузург ноил гаштааст.
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо хотираи ҷангҳо ва дастовардҳои гузашта, балки тасдиқи талошҳои дастаҷамъонаи сокинони кишвари азизамон барои бунёди миллати осоишта ва ягона мебошад. Он шаҳодати руҳияи тағйирнопазири ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки роҳи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи дурахшон муайян мекунад.
Имрӯзҳо натанҳо халқи кишвар, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳ аст, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар, рӯ ба рушд муаррифӣ гардид. Мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик тамоми кӯшиши худро бар он равона менамояд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамеша поянда бошад.
Шуҳрат Сайдаҳмадзода,
сардори Раёсати молия дар шаҳри Левакант
Добавить комментарий
Ахбор
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” 26.06.2026 12:15Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» 12:11ШАРАФ БА ПЕШВО 12:07“АНЪАНАҲОРО ҲИФЗУ ОЯНДАРО БУНЁД МЕКУНЕМ” 11:59ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ 11:48ВАҲДАТ – ЗАМИНАИ СУБОТИ МИЛЛӢ 13:46
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК



