Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Таърих собит кардааст, ки танҳо дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду якдилӣ миллат метавонад аз тамоми мушкилоту мусибатҳо гузар карда, роҳи худро ба сӯи ояндаи дурахшон ва пойдор боз намояд. Аз ин рӯ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвари мо рамзи сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ буда, арҷгузорӣ ба он арҷгузорӣ ба якпорчагии Ватан ва заҳматҳои халқу роҳбарият дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол мебошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз санаҳои бузургу сарнавиштсози миллат бо шаҳомат ва руҳи баланд дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар ин замина имрӯз, 24-уми июни соли ҷорӣ бо ибтикори рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли маърифати китобхонӣ мизи мудаввар ва маросими рӯнамоии китобҳои тозанашри рӯзнома- «Ваҳдатсаро» ва «Нома ба наслҳои оянда» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ, ки бо сухани ифтитоҳии муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оғоз ёфт, муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, намояндагони Шурои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Хатлон, сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Анзурат Абдусаломзода муовини раиси вилояти Хатлон ваҳдати миллиро ҳамчун муҳимтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуда, нақши матбуоти давриро дар бозтоби арзишҳои ваҳдати миллӣ шоиста ва намоён хонд. Зикр гардид, ки матбуоти дарӣ дар тарғиби ғояҳои сулҳу субот, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҳкими ҳамдилӣ хизмати арзанда дорад.

Дар идомаи мизи мудаввар Амиршоҳи Хатлонӣ, муовини раиси Шурои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ”, Дилором Маҳкамзода, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Бозтоби Ваҳдати миллӣ дар публитсистикаи маҳаллии Тоҷикистон”, Зулайхо Гаибова, сармуҳаррири рӯзномаи “Новий Хатлон”, дар мавзӯи “Вклад “Нового Хатлон” в пропаганде национального единства”, Абдурашид Мусозода, сармуҳаррири рӯзномаи “Дӯстлик” дар мавзӯи “Дӯстлик” - тараннумгари дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек”, Латофат Мирзосаидиён, сармуҳаррири маҷаллаи “Сафо” дар мавзӯи “Мавзуи ваҳдату ҳамдилӣ дар саҳифаҳои маҷаллаи “Сафо” ва Шарофати Дониёр, сармуҳаррири маҷаллаи “Меҳровар” дар мавзӯи “Бонувони Хатлон – посдорони сулҳу Ваҳдат” маърӯза намуданд.
Қисмати ҷолиби чорабинӣ рӯнамоии китобҳои тозанашри рӯзномаи «Хатлон» буд. Китоби «Ваҳдатсаро» бо фарогирии 57 маводи таҳлилӣ, очерк ва лавҳаҳои публитсистӣ дар 254 саҳифа, бо далелҳои воқеиву таърихӣ, заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бозгӯ мекунад. Китоби дигар “Нома ба насли оянда” маҳсули рӯзноманигори соҳибтаҷриба Саттор Қарахонов аст, ки дар ҳошияи "Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон" рӯйи чоп омадааст.
Лозим ба ёдоварист, ки Саттор Қарахонов беш аз 50 сол аст, ки дар соҳаи журналистика саҳми боризи худро гузошта истодаанд.
Мизи мудаввар собит сохт, ки матбуоти даврӣ дар таҳкими сулҳу субот, густариши худшиносии миллӣ ва тақвияти ғояҳои ваҳдати миллӣ нақши басо муҳим дорад. Чунин чорабиниҳо ва китобҳои арзишманд ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии мардум, хусусан насли наврасу ҷавон, мусоидат мекунанд.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



