Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
19 июн 12:46АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлоб 25 километр роҳи ҳудуди деҳа мумфарш карда мешавад.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба “Сафо” иттилоъ доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бо роҳнамоии роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири нақлиёти мамлакат Азим Иброҳим ва роҳбарияти шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ гардида, ба мушкилоти чандинсолаи рафтуомади сокинон хотима мебахшад.

Барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаҳои лозимаи махсуси роҳсозӣ ҷалб гардида, масъулин нақша доранд, ки дар муҳлати муайянгардида ин роҳро мумфарш намоянд.

Аз ҷараёни корҳои роҳсозӣ раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар шахсони масъул дидан намуда, ба сокинон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Ин гуна иқдом оянда дар дигар деҳаҳои ҳудуди ҷамоат идома меёбад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



