Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚУБОДИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №19
Имрӯз, 17 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот бунёд гардида, аз 12 синфхонаи иловагӣ барои 600 нафар дар ду баст иборат мебошад.

Зикр бояд намуд, ки хонандагони муассисаи мазкур аз нарасидани ҷойи нишаст танқисӣ мекашиданд.
Ҳар як синфхона бо мизу курсӣ ва айёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Хонандагон имкон доранд, ки дар синфхонаҳои тозаю барҳаво таҳсили илм намоянд.

Раиси вилояти Хатлон зимни вохӯрӣ бо омӯзгорон таъкид намуданд, ки хонандагонро дар рӯҳияи маърифатпарварӣ, инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия намуда, ба онҳо дар омӯзиши фанҳои дақиқ масъулияти баландро дарк намуда, дар оянда ҷавонони болайёқати ҷомеаи имрӯзаро ба воя расонанд.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



