Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ СОХТМОНИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ ВА БЕСАРОБОН ДИДАН НАМУД
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Ховалинг аз ҷараёни сохтмони 10 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон дар деҳаи "Айлодара"- и Ҷамоати деҳоти ба номи "Ғаффор Мирзо" дидан намуд.

Сохтмони ин хонаҳо дар доираи иқдоми башардӯстона бо дастгирии молиявии Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда, ба оилаҳое бахшида мешавад, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити сахти иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ умр ба сар мебаранд.

Тибқи лоиҳа, ҳар як хонаи истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат буда, бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Хонаҳо бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор муҷаҳҳаз гардонида шуда, шароити заруриро барои зиндагии арзанда фароҳам месозанд. Дар ҷараёни сохтмон зиёда аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи хонаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дастгирии табақаҳои ниёзманд, хусусан оилаҳои камбизоат ва бесаробон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, ба масъулон дастур дода шуд, ки ҷиҳати анҷоми босифати корҳои боқимонда ва мавриди истифода қарор додани хонаҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



