Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ғазал аз китоби “Номаҳои ғурбат”
Дилам зи дурии ту, эй Ватан, парешон аст,
Ҷудо зи модари худ монда тифли гирён аст.
Каси набурда нафас аз ҳавои шаҳри ғариб,
Гумон кунад, ки ғами ин фироқ осон аст.
Бирав, зи Юсуфи Мисрӣ бипурс, хоҳад гуфт:
Тамоми гиряи ӯ аз барои Канъон аст.
Агар зи кӯчаи мо ногаҳон гузар кардӣ,
Ба модарам хабарам бар, ки сахт пазмон аст.
Вале магуй сухан пеши ӯ зи аҳволам,
Ки қалби модари ман чун ҳавои борон аст.
Шабона сар чу гузорам ба болиши ғурбат,
Куҷост хоб, ки фикрам ба ёди Хатлон аст.
Чу аз фироқи Ватан хун шуда дили Аброр,
Даруни синаи ӯ лолазори ҳиҷрон аст.
АБРОРИ АҲРОРИЁН
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



