Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатарноктарин дастнависи ҷаҳон
Дар акси зер яке аз дафтарчаҳои ёддоштии Мария Кюрӣ нишон дода шудааст.
Шумо эҳтимолан медонед, ки ин зан кист. Мария Кюрӣ олими ботаҷриба, кимиёшиноси барҷаста, таҳқиқотчии радиоактивият, ки ду ҷоизаи Нобелро-яке дар соли 1903 дар соҳаи физика ва дигаре дар соли 1911 дар соҳаи кимиё ба даст овардааст.
ЧАРО ДАФТАРЧАҲОИ ЁДДОШТИ Ӯ ХАТАРНОК ҲИСОБИДА МЕШАВАНД?
На аз сабаби донишҳое, ки онҳо дар бар мегиранд.
Мария Кюрӣ бо ҳамсараш Пьер Кюрӣ унсурҳои радиоактивии полоний ва радийро кашф карданд ва усулҳои ҷудо кардани изотопҳои радиоактивиро таҳия намуданд. Вақте ки олимон радийро кашф карданд, онҳо ҳеҷ тасаввуре надоштанд, ки он чӣ гуна метавонад ба организми инсон зарар расонад. Аз ин рӯ, ҳангоми кор бо ин унсури кимиёӣ ҳеҷ гуна чораҳои муҳофизатӣ намегирифтанд. Онҳо намунаҳои ин моддаро осон дар ҷайбҳои худ мегардонданд...
Мария Кюрӣ дар соли 1934 аз анемияи апластикӣ (бемории системаи хун), ки бо радиатсия ба вуҷуд омадааст, фавтид. Бисёре аз олимоне, ки бо Кюрӣ кор мекарданд, аз лейкемия ва дигар бемориҳои монанд, ки сабабашон радиатсия буд, вафот карданд.

Дар тӯли фаъолияти худ дар лаборатория, ин олими зан миқдори зиёди радиатсияро қабул кард ва худи ӯ радиоактивӣ шуд. Вақте ки ӯ фавтид, ба таври оддӣ дафн карда шуд. Аммо дар соли 1995, вақте маълум шуд, ки боқимондаҳои Кюрӣ радиатсия мебароранд, онҳоро дигарбора гӯр карданд, вале ин дафъа дар гӯри сурбӣ, зеро сурб радиатсияро намегузаронад.
Ашёҳои шахсии Кюрӣ, аз ҷумла дафтарчаҳои ёддошти ӯ, ба Китобхонаи миллии Фаронса (дар Париж ҷойгир аст) супурда шуданд, ки то ҳол дар қуттиҳои сурбӣ нигоҳ дошта мешаванд, зеро онҳо ҳанӯз ҳам радиоактивӣ мебошанд.
Имрӯз дастрасӣ ба дафтарчаҳои Мария Кюрӣ он қадар осон нест. Агар шахсе хоҳад бо дастнависҳои ӯ шинос шавад, аввал бояд дар Китобхонаи миллии Фаронса шакли "рад кардани масъулият"-ро имзо кунад ва танҳо пас аз тасдиқ, ба ёддоштҳои олим роҳ дода мешавад.
Шиносоӣ бо ёддоштҳои Мария Кюрӣ дар толори махсуси хониш, ки аз дигар толорҳои китобхона дур ҷойгир аст, сурат мегирад. Меҳмон бояд либоси муҳофизатӣ дошта бошад ва ҳангоми кор бо дафтарчаҳо дозиметр (асбобест барои чен кардани сатҳи радиатсия) истифода барад.
Муттахассисон муайян карданд, ки миқдори радиатсияе, ки шахс дар либоси муҳофизатӣ ҳангоми кор бо дафтарчаҳои Кюрӣ мегирад, зиёд нест. Ҳатто агар ӯ мунтазам дар тӯли як сол бо ин ёддоштҳо тамос гирад, миқдори максималии радиатсияе, ки ӯ мегирад, тақрибан 10 мкЗв мебошад.
Дафтарчаҳои Кюрӣ аз ҳама дастнависҳои хатарноктарин аз сабаби радиоактивият мебошанд ва агар онҳоро бе либоси муҳофизатӣ хондан, осон наметобад.
Таҳияи Маҳмадалиев Маҳмадалӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



