Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
01 июн 10:33АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот
ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Дар майдони нишони давлатии шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, роҳбарони як қатор идораву ташкилотҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, инчунин садҳо кӯдакон бо волидонашон иштирок намуданд.
Дар оғоз меҳмонон аз олами рангину зебои кӯдакӣ боздид карданд, ки дар он кӯдакон ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузошта буданд. Бархе медӯхтанд, дигаре мебофтанд, месохтанд, мерақсиданду суруд мехонданд. Ба ҳар як кӯдак тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ин лаҳзаҳо лаҳзаҳои пур аз меҳру муҳаббат ва хурсандии беандоза барои кӯдакон гардид.
Сипас, чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Анзурат Абдусаломзода муовини раиси вилояти Хатлон оғоз гардида, ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон табрику таҳният намуд. Зикр гардид, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба мо паём медиҳад, ки бори дигар ба масъалаи муҳими таълиму тарбия, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, муҳайё кардани муҳити солими равониву иҷтимоӣ ва шароити мусоиди зиндагӣ барои насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Зеро кӯдакон ояндаи дурахшони миллат, захираҳои бузурги зеҳнию маънавӣ ва неруи созандаи ҷомеа мебошанд.

Ҳамчунин таъкид намуд, ки таҳти сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳуқуқу ҳимояи кӯдакон дар меҳвари тамоми барномаҳои давлатӣ қарор доранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор наврасони фаъоли шаҳру навоҳии вилояти Хатлон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Баъдан, барномаи фарҳангии рангоранг бо иштироки кӯдакон ва гурӯҳҳои ҳунарии муассисаҳои таълимии шаҳр пешниҳод гардид. Сурудҳои кӯдакона, рақсҳои анъанавӣ ва саҳначаҳо фазои идонаро боз ҳам шукӯҳ бахшиданд.
Маҳмадализода Маҳмадалӣ "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



