Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбии қисми низомии сарҳадӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Чорабиниро Қурбонзода Амирхон муовини раиси вилояти Хатлон ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро аз номи раиси вилояти Хатлон табрику таҳният гуфт. Ӯ бо суханони пурмуҳтаво аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматҳои шабонарӯзии сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки сулҳу субот ва амнияти сарҳадҳо маҳз бо заҳмати содиқонаи онҳо таъмин мегардад.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони мақомоти сарҳадӣ барои хизматҳои шоён бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати ҷамъбастии барнома, чорабинии фарҳангӣ бо суруду рақсҳои ватандӯстона пешниҳоди ҳозирин гардид, ки фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ дошт.
Чорабинӣ бо эҳсоси ифтихор аз ҳомиёни Ватан, арҷгузорӣ ба заҳмати марзбонон ва талоши ҷомеа дар таҳкими суботу амният ба поён расид.
М.Маҳмадализода "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



