Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ- АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ "НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ"
Имрӯз, 21-уми май соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ифтихории Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, Раёсати адлияи вилояти Хатлон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзуи "Нақши ҷавонон дар муқовимат бо коррупсия" доир шуд.

Дар он намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, Раёсати адлияи вилояти Хатлон, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҳамчунин намояндагони як қатор ниҳодҳои гуногуни вилоят иштирок доштанд.

Нахуст, сардори шӯъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдураҳим доир ба муҳимияту аҳамияти баргузории конференсия, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1, Самадзода Ифтихор Амрохон дар мавзӯи "Мақомоти адлия ва саҳми он дар муқовимат ба коррупсия", мудири шӯъбаи ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Амирхон Юсуф дар мавзӯи "Ҷавонон ояндасози миллат", сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, дар мавзӯи "Саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеа" Шаҳидулозода Озар ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон дар мавзӯи " Ҷавонон бар зиди корупсия", Давлатзод Собирҷон Ғаффор сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар мавзӯи "Таърихи пайдоиши коррупсия ва нақши ҷавонон дар муқовимат ба ин падидаи номатлуб" андешаронӣ намуданд.

Дар охир як қатор ҷавонони фаъол, ки дар мақомотҳои гуногуни вилоят кору фаъолият мекунанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



