Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд
Дар давоми се моҳи сипаригардидаи соли равон аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон 78 маротиба ярмаркаи ҷоиҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар натиҷа беш аз 1000 нафар бо ҷойҳои кории доимию мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд.
Тавре аз раёсати болозикр ба “Сафо” иттилоъ доданд, дар ин давра ба шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 8888 нафар шахсони бекор муроҷиат карда, аз ин шумора 8293 нафар ба қайд гирифта шуда, ба 4047 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани 78 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод ташкилоту идора ва корхонаву хоҷагиҳои шакли фаъолияташон гуногун дар як моҳ 2688 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд.
Дар натиҷа ба 1155 нафар роҳхат барои бо кор таъмин шудан дода шуда, аз ин шумора 1007 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



