Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Нақши васоити ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ оғоз ёфт.
Дар ин ҳамоиши бонуфуз як қатор олимону донишмандон аз донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ иштирок намуда, маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа карданд. Конференсия дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) сурат гирифт. Намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, ИМА, Ҷопон, Кувайт ва Ӯзбекистон истифода аз технологияҳои муосири иртиботӣ ба ҳамоиш пайваст шуданд ва назари илмии худро дар робита ба мавзӯи конференсия баён карданд.
Ҳадафи асосии баргузории конференсия баррасии нақши ВАО дар таҳкими муносибатҳои байнифарҳангӣ, мубодилаи иттилоотӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии рӯзмарра арзёбӣ мешавад. Мавзӯъҳое чун "Фарҳанги миллӣ ва ВАО дар асри рақамӣ", "Журналистика ва ҳифзи ҳувияти миллӣ", "Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар шаклгирии афкори умум" ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар меҳвари баррасиҳо қарор доштанд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳ. Сафарбекзода, муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва иноватсия оғоз гардид. Зимни баромади хеш таъкид дошт, ки ВАО имрӯз танҳо воситаи пахши иттилоот набуда, балки як ниҳоди таъсиргузор дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа ва ҳифзи фарҳанг маҳсуб мешавад.
Конференсия давоми ду рӯз идома ёфта, дар анҷом тавсияҳо ва пешниҳодҳои илмии иштирокчиён таҳия гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва боз ҳам такмил додани фаъолияти ВАО равона хоҳанд шуд.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



