Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Дар доираи нақша чорабиниҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.
Аз ҷумла дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №2-и бо номи “Зангула”-и шаҳр баҳри фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғат корҳои назаррасе ба сомон расидааст.
Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар зимни суҳбат иброз кард, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар назди ин кӯдакистон бо харҷи 120 ҳазор сомонӣ майдончаи хурди варзишӣ ва ду ҷои истироҳату бозии кӯдакон бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин дар саҳни ин кӯдакистон Парчами давлатӣ бо баландии 13 метр насб гардид.
Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи томактабӣ беҳтар гардида, кӯдакон ба варзиш низ машғул шаванд.

Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти иҷтимоӣ роҳбарияти шаҳри Бохтар ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС



