Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар шаҳри Бохтар 350 ҳазор гул шинонида шудааст
Ҷиҳати шоиста истиқбол гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва сарсабзу хуррам намудани гулгашту хиёбонҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 350 ҳазор гулҳои гуногун шинонида шудааст.
Дар ин бора Маҳмадшариф Мирзозода, сардори Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар ба “Сафо” иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки маъракаи гулшинонию кабудизоркунӣ дар шаҳр идома дошта, дар нақша аст, ки боз чанде аз гулҳои зебои мавсимӣ дар кучаву маҳаллаҳо ва хиёбонҳои шаҳр шинонида шаванд.

Директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ”-и шаҳри Бохтар Сайфулло Иззатзода зимни суҳбат иброз кард, ки аз 350 ҳазор гуле, ки дар шаҳри Бохтар шинонида шудааст, 110 ҳазори онро кормандони идораи онҳо шинонидаанд. Ба иттилои ӯ феълан дар гармхонаҳои идораи онҳо боз 40 ҳазор гулҳои гуногуни дигар парвариш ёфта, то истиқболи ҷашни Наврӯз шинонида мешаванд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



