Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
07 дек 12:43АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли равон маросими баимзорасонии созишномаҳои грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаҳои “Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар” ва “Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара” баргузор гардид.
Дар ин бора аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Сафо” иттилоъ доданд.
Арзиши созишномаҳои грантӣ 8 миллион евроро дар бар гирифта, 4 миллион еврои он барои татбиқи лоиҳаи “Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар” ва 4 миллион еврои дигар барои татбиқи лоиҳаи “Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара” пешбинӣ шудааст.
Созишномаҳои болозикрро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел ба имзо расонида, ҳадафи татбиқи онро сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва саривақт бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияи зерҳадаф арзёбӣ карданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ



