18 фев 08:59АСОСӢ / Ахбор / Мақомот

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: ҶОИЗАИ ХОСИ ЖУРНАЛИСТӢ ТАЪСИС ДОДА ШАВАД

     Зикр гардид, ки соли сипаригардида соҳаҳои истеҳсолӣ рушд карда, даҳҳо корхонаву коргоҳҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Давоми сол соҳибкорон, шахсони саховатманду ҳимматбаланди хатлонӣ бо азму иродаи ватандӯстона дар ободии диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

- Соли 2019 дар маҷмӯъ 2474 адад иншоотҳои таъйиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин давра пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба назар расид. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 14,5 миллиард сомонӣ расид, ки афзоиши он нисбат ба соли 2018-ум  8,5 фоизро ташкил дод. Дар шаҳру навоҳии вилоят 90 корхона ва коргоҳҳо бо назардошти 865 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, - иброз дошт Қурбон Ҳакимзода.

Соли сипаригардида мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати рушди соҳа ва пешрафти кори намояндагони телевизионҳои ҷумҳурӣ дар минтақа ва Идораи телевизиони вилоят як миллион сомонӣ барои харидории таҷҳизотҳои наву замонавӣ ҷудо намуд. Аз ҷумла, барои Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон бо сарфи 750 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосир харидорӣ ва насб гардид, - иброз дошт раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти хабарӣ ба журналистони вилоят.

Вобаста ба дастгирӣ ва ҳавасмандии намояндагони ВАО гуфта шуд, ки соли ҷорӣ маблаѓгузории озмуни «Неруи сухан» чор маротиба афзоиш ёфта, ҳамчунин номинатсияҳои озмун зиёд гардид.

     Раиси вилоят таъкид дошт, ки ҳанӯз ҳам таърихи журналистикаи вилоят пурра омӯхта нашуда, мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Аз ин лиҳоз бояд қомуси матбуоти вилояти Хатлон таҳия карда шавад. Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон дар робита ба рушди соҳа таъкид намуд, ки ҷоизаи хоси журналистӣ таъсис дода шавад. 

Журналистони вилоят вобаста ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Бохтар, раванди корҳои ободонӣ, иншоотҳои ҷашнӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, рушди кишоварзӣ, дастрасии тухмиҳои хушсифат, вазъи иншоотҳои таърихию фарҳангӣ, сифати заҳрхимикатҳо, таъмини оби нӯшокӣ, вокуниши мансабдорон ба барномаҳои танқидию таҳлилии журналистон, бунёди корхонаҳои нав ибрози назар намуда, ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар қисмати ҷамъбастии нишасти матбуотӣ собиқадорон ва кормандони ВАО барои саҳми муносиб дар рушди журналистикаи тоҷик, инъикоси саривақтӣ ва касбии рӯйдодҳои вилоят, тарбияи мутахассисони соҳа бо сипоснома ва туҳфаҳои молии раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. 


«Сафо»
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019