Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 окт 11:47АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ШАҲРИТУС. ҲАФТ БИНОИ БАЛАНДОШЁНА СОХТА МЕШАВАД
Дар доираи нақша – чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бунёди аввалин бинои баландошёна оғоз шудааст.
Дар ин бора мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Дилшод Амонов ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, дар умум дар маркази ноҳия бунёди ҳафт бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шуда, бо ин мақсад як гектар замин ҷудо карда шудааст.
Биноҳои ба нақша гирифта шуда ҳафт ошёна буда, аз 588 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ошёнаҳои якуми онҳо барои мағозаю марказҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шуда, бо тарҳи зебою замонавӣ ва бо санъати баланди меъморӣ бунёд хоҳанд шуд.
Дар умум ба хотири шоиста истиқбол намудани ин ҷашни миллӣ, 35 – солагии Истиқлоли мамлакат дар ноҳияи Шаҳритус бунёди 359 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 165 адади он сохта ба истифода дода шудааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



