Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дулона
Дулона буттамеваи хушмазза буда, хосияти фоидабахширо низ доро мебошад. Аз ҷумла, фишорабландиро муътадил гардонида шамолхурдагиро фоидаи хуб аст. Барг, гул ва буттавемаро бештар дар гиёҳдармонӣ васеъ истифода мебаранд. Ин буттамева дар таркибаш фланоид дошта, хусусияти паст кардани холестеринро дар хун дорад. Инчунин, давои хубест барои фишорбаландӣ.
Истеъмоли дулона ба системаи дилу рагҳо таъсири хуб расонида, ба кори гурда низ фоидабахш аст. Бештари вақт шамолхӯрии сахт ё асабоният одамиятро ба дигар бемориҳо оварда мерасонад. Дулона маҳз буттамеваест, ки дар пешгирии бемориҳои асаб, фишорбаландӣ, шамолхурӣ, системаи дилу рагҳо, ҳатто ба диабети қанд мусоидаткунанда мебошад. Барои нафароне, ки хасташавӣ, бехобӣ ва стресс доранд, таъсири мусбат мерасонад. Набояд фаромӯш сохт, ки меъёри якрӯзаи истеъмоли дулона 150 грамм мебошад.
Дулонаро барои рафъи қабзияти шикам, умуман ба меъёр даровардани фаъолияти медаву рӯда низ васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла, баҳри мубориза бар вирусҳо ва мустаҳкамии масунияти одам бештар истеъмол мекунанд.
Барги дулона хусусияти фоидабахшӣ дошта чой аз барги ин буттамева давои диққи нафас буда, ҳангоми фишорбаландӣ ва диқи нафас кумак хоҳад расонд. Инчунин, барг ва гули дулона ба бемориҳои пӯст низ тавсия дода мешавад. Чой аз решаи ниҳоли дулона барои дарунравӣ давои хуб буда, ҳамчун пешоброн истифода мебаранд.
Барои он нафароне, ки фишори паст доранд, ҳомиладорон ва модароне, ки ба атфол шир медиҳанд, аз истеъмоли ин буттамева бояд худдорӣ намоянд. Зеро ҳомиладоронро эҳтимоли хунравӣ ва бачапартоӣ таҳдид мекунад. Истеъмоли аз ҳад зиёди дулона ба бемадорӣ, дарди сар, фишори паст оварда мерасонад.
Ҳоло мавсими ҷамъоварии дулона буда, аз он мураббо ва шарбат омода мекунанд. Инчунин, дулонаро хушк карда, аз он чой дам мекунанд.
МУРАББО АЗ ДУЛОНА
Дулона - 1 кг
Шакар – 1 кг
Об - 300 миллилитр
Кислотаи лимў – ¼ қошуқча
Дулонаро аз баргу шохчаҳо ҷудо карда, мешӯем. Аз об ва шакар қиём омода мекунем ба он дулонаҳоро меандозем. Дар аввал каме ҷўшонида кофта меистем, то тагаш ба зарф начаспад. Пас аз болои оташ гирифтан дигар намекобем ва муддати 10-12 соат нигоҳ медорем. Баъд аз муддати муайяншуда мурабборо боз рўи оташ мегузорем ва 20-25 дақиқа меҷўшонем. Наздик ба омода шудани мураббо кислотаи лимўро илова мекунем. Агар хоҳед мураббо ғафстар шавад, метавонед боз муддати 20-25 дақиқаи дигар ҷўшонед, дар зарфҳои тамйизкардашуда андохта маҳкам мекунем.
Шарбати дулона
Дулона – 600 гр
Шакар – 200 гр
Кислотаи лимў – 0,5 қошуқча
Дулонаро тоза шуста ба зарф меандозем ва аз болояш оби ҷӯшомадаро рехта сарпӯшашро пӯшонида муддати 20 дақиқа нигоҳ медорем. Пас аз 20 дақиқа обро бо бутамеваҳояш ба зарфи сирдор рехта, ба он шакар меандозем ва меҷӯшонем дар охир кислотаи лимӯро андохта, каме ҷӯшонида ба зарфҳои тамйизкардашуда андохта махкам мекунем.
НӮШИН
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



