Бойгонӣ

ВУСЪАТИ БУНЁДКОРӢ ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Ноҳияи кӯҳистони Балҷувон, ки бо табиати зебо ва обу ҳавои софу беғубораш дилнишин аст, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз минтақаҳои ободи диёр мубаддал гардидааст. 
Бо азму талошҳои созандаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инфрасохтори ин ноҳияи дурдасти вилоят дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, садҳо иншооти маъмурию маишӣ сохта ба истифода дода шуданд. 
Абдураҳмон Ғаффорзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар оғози суҳбат гуфт, ки тадбирҳои ободонию созандагие, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд, дар эҳё ва рушди ҳамаҷонибаи ноҳияи Балҷувон такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин давра 382 иншооти таъиноташон гуногун, шуруъ аз бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идораю корхонаҳои маъмурӣ то муассисаҳои таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ёфтанд. 

Ҳамакнун, сокинони сарбаланду меҳнатдӯсти ин минтақаи мамлакат баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аҳлона заҳмат кашида, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани маҳали зисташон талош мекунанд. 
Аз 257 иншооте, ки ба истиқболи арзандаи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 130 адади он ба анҷом расида, мавриди истифодаи умум қарор гирифтааст. Танҳо соли ҷорӣ 36 иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳ, хати оби нӯшокӣ бунёд ёфта, дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ 15 иншоот ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр, дар панҷ деҳа муассисаи таълимӣ бунёд ёфта, ҳамчунин баҳри некӯаҳволии сокинон хати оби ошомиданӣ гузаронида шуд. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки хеле ободу зебо аст, амфитеатр бо 600 ҷойи нишаст ва дар маркази ноҳия аввалин бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
-Дар арафаи Рӯзи дониш ва ҷашни Истиқлолият дар деҳаи Даштаро муассисаи таълимии ибтидоӣ, дар деҳаи Боғи зоғон муассисаи таълимии асосӣ ва миёна, дар деҳаи Хироб азнавсозии муассисаи ду ошёнаи таълимӣ, дар деҳаи Зарнисор синфхонаҳои иловагӣ, дар деҳаи Чорчашма муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, дар деҳаи Узнохур бинои дуошёнаи синфхонаҳои иловагӣ ифтитоҳ гардиданд, ки аз ин раванди созандагиҳо сокинон бо хушнудӣ истиқбол гирифта, ба чунин ғамхорӣ ба Ҳукумати мамлакат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ баён менамоянд. Бо ҳамин тартиб дар деҳоти дигари ноҳия низ корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашнҳои миллию давлатӣ бо навбат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, - гуфт зимни суҳбат Абдураҳмон Ғаффорзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Балҷувон.

Ба гуфтаи мавсуф аҳолии ноҳияи Балҷувон сол то сол бештар гардида истодааст. Барои ҳамин ҳам онҳо дар бунёди муассисаҳои таълимию тиббӣ ва умуман, иншооти мухталифи соҳаҳои хоҷагии халқ зиёд шудани аҳолиро дар оянда ба инобат гирифта, биноҳои хуштарҳу замонавӣ сохта истодаанд.  
-Дар ноҳияи Балҷувон 104 деҳа мавҷуд аст. Дар ин миён рустоҳое низ ҳастанд, ки аз панҷ то 15-20 хоҷагӣ доранд. Вале қариб дар ҳамаи ин деҳаҳо марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта шудаанд. Имрӯз дар ноҳияи мо ягон мактаби куҳна ва ё садамавие боқӣ намондааст. Масалан, дар деҳаи Аспирингон, ки болотар аз Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ҷойгир асту дар ҳудуди он ҳамагӣ 10-12 оила зиндагӣ мекунад ва дар деҳаи Чорчашма, ки дар умум 15-20 хонандаи мактаб дорад, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ сохта шуд. Яъне, мо бо назардошти талаботи аҳолӣ ва ояндаи ноҳия баҳри фароҳам овардани шароити муносиби зандагӣ, ки ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамин аст, талош дорем, - идома дод сармеъмор. 
Имрӯз бо биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва роҳи мумфаршу чароғон маркази ноҳия – Ҷамоати деҳоти Балҷувон намои як шаҳраки зеборо гирифтааст. Дар баробари иншооти маъмурӣ дар он муассисаҳои муҳташами фарҳангӣ - осорхонаи байналмилалии таърихию кишваршиносӣ, боғи васеи фароғатӣ, гулгаштҳои зебо, майдони калони варзишӣ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст, амфитеатр ва биноҳои истиқоматии баландошёна қомат афрохтаанд.  Ҳоло ҳам тадбирҳои созандагӣ ҷараён дошта, Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат омода гашта истодааст. Ҳамчунин, тасмим аст, ки 4 муассисаи таълимии замонавӣ  бо тамоми шароити муосири дарсомӯзӣ, аз ҷумла синфхонаҳои лингафонӣ, компютерӣ, тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва дигар ҷиҳози лозимӣ сохта ба истифода дода шавад. 
Ноҳияи Балҷувон, ки минтақаи байналмилалии сайёҳӣ эълон гардидааст, баҳри қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ дар гӯшаҳои мухталифи он инфрасохтори зарурӣ муҳайё карда шудааст. Дар баробари мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ меҳмонхона, ошхона,  марказҳои хизматрасонии маишӣ, нуқтаҳои махсуси фароғатӣ, осорхона ва амсоли инҳо мавҷуд аст, ки онҳо дар ихтиёри ҳамдиёрону ҷаҳонгардон қарор доранд.  
Ба гуфтаи Абдураҳмон Ғаффорзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Балҷувон қитъаи якуми нақшаи генералии ноҳия пурра ба анҷом расонида шуда, қитъаи дуюми он, ки 112 гектарро ташкил медиҳад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Дар амалӣ гардидани чунин ташаббусҳои созанда, ки аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, саҳми раиси Кумитаи андоз Нусратулло Муқимов, ки намояндаи Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Балҷувон аст бориз арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, ҳамчунин,  соҳибкорони ватанӣ, шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд, сокинони ватандӯст ва сармоягузорони хориҷӣ ҳиссаи намоён доранд.  

Амонулло Бахтиёрзода, Бохтар- Балҷувон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019