Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз рӯзгори чинакчиён
Ҳамарӯза шояд садҳо нафар дар пахтазор меҳнат карда, ҳосили тиллои сафедро ҷамъоварӣ кунанд. Аммо на ҳамаи онҳо, дар кори худ пешқадаманду барои ҳарчи зудтар ғундоштани пахта ва талаф наёфтани он ба хоҷагидорон кумак расонида метавонанд. Марзия Маҳмадалиева аз зумраи нафаронест, ки аз овони наврасӣ то ба ҳол пахтачин аст. Ӯ дар як рӯз то 150 – 200 килограмм “тиллои сафед” ҷамъоварӣ мекунад.
Марзия Маҳмадалиева, ҳанӯз дар синни 14- солагӣ ба пахтачинӣ машғул шудаву дар ин самт ҳам таҷрибаи зиёд андухтааст. Дар мавсими пахтачинӣ бештари вақти худро дар саҳро мегузаронад.
- Мавсими ҷамъоварии пахта дар ноҳияи мо аз охирҳои моҳи август оғоз ёфта, то моҳи ноябр идома меёбад,- мегӯяд Марзия. – Давоми се моҳ мо, пахтачинҳо бештари вақти худро дар саҳро сипарӣ мекунем. Зеро бо ин васила ҳам деҳқон ҳосили дастранҷи худро бидуни талаф ҷамъоварӣ мекунад ва ҳам пахтачинҳо фоидаи бештар ба даст меоранд.
Ба гуфтаи ӯ солҳое буд, ки рӯз то шом азобу машаққат кашида, дар як рӯз 10-15 сомонӣ ҳақмузд мегирифтанд, ҳоло бошад ҳар нафари онҳо аз 100 то ба 200 сомонӣ кор карда метавонанд.
– Сарвари хона ҳам ба деҳқонӣ машғул аст. Аз баракати деҳқонӣ фарзандони худро хононда истодаему рӯзгорамон ҳам хуб мегузарад, - иброз медорад холаи Марзия. – Барои зиндагии хуб доштан меҳнат кардан лозим аст.
– Шояд аксаран ба ин назар бошанд, ки пахтачинӣ ҳунар несту ҳама метавонад ҳосили тиллои сафедро ҷамъоварӣ кунад. Аммо ин тавр нест, зеро шуғли пахтачинӣ ҳам аз кас чолокӣ, заҳматталаб будану сабурӣ ва ҳунари аз ғӯзапоя покиза, орӣ аз ҳар гуна хасу хошок ҷудо кардани ҳосили онро талаб менамояд.
-На ҳар кас, дохили хору алаф, ниҳолҳои пур аз шира гашту гузор карда метавонад. Чуноне, ки кампирҳои маҳалламон мегуфтанд, “Алмосро аз сангу пахтаро аз хору хас ҷудо кардан душвор аст”,- лаҳзае ба андеша фурӯ рафта идома медиҳад мусоҳибам. - Мо, аллакай дар ин кору муҳити саҳро одат карда, ҳамарӯза беш аз 150 килограмм пахта ҷамъоварӣ менамоем.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо сифати хуби ин маҳсулот танҳо замоне нигоҳ дошта мешавад, ки он дастӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Аз ин рӯ, дар баробари рушди техника ва ихтирои мошинҳои пахтачин, ҳоло ҳам эҳтиёҷ ба қувваи корӣ аз ҳисоби одамон баҳри сари вақт ғундоштани пахта боқӣ мондааст. Биноан, нафароне чун холаи Марзия ҳамеша барои деҳқонон кумакрасон мемонанд.
-Барои мо бонувон, бахусус, коргарони саҳро аз хонашинӣ дида машғули корҳои саҳроӣ бошем беҳтар аст, - изҳор медорад бонуи Марзия. – Зеро дар мавсими ҷамъоварии пахта аз суҳбату дидори ҳамдигар баҳравар мегардем. Бо ин васила ҳатто худро миёни ҷомеа эҳсос мекунем, ки ин барои инсон ниҳоят муҳим аст. Одатан, хӯроки нисфирӯзиро ҳам дар саҳро мехӯрем, ки ин ба ман хуш меояд аз сӯи дигар, мавсими пахтачинӣ дар баробари даромад ба оилаҳо, ҳамзамон барои солимии бонувон муфид аст. Чаро ки ин машғулияти дилписанд худ як навъ варзиши бадан мешавад.
Марзия Маҳмадалиева зода ва истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти “Рӯдаки”-и ноҳияи Вахш аст. Аз ҳаёти беш аз нимасраи худ қариб 40 сол дар мавсими пахтачинӣ ба саҳро баромада, дар ҷамъоварии ҳосил саҳми худро гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ пахтачинӣ дар солҳои пешин аз шуғлҳои маъруфе буд, ки ҳатто дар васфи ин ҳунар ва пешқадамони саҳрои пахта эҷодкорон шеъру очеркҳо эҷод мекарданд.
Қабл аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ӯ дар хоҷагии ба номи Абдулло Раҷабов кору фаъолият менамуд. Бо барҳам хӯрдани хоҷагиҳои калон ва ташкили хоҷагиҳои хурд, холаи Марзия дар хоҷагии деҳқонии “Шариф”-и ҷамоат саҳмдор гардид ва ҳамасола аз ин ҳисоб рӯзгори худро пеш мебарад. Марзия Маҳмадалиева соҳиби 3 писару як духтар мебошад, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар бари зодмандон заҳмат мекашанд.
Низоми ИСО, ноҳияи Вахш
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:07КӮШОНИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОРБАД» 15:11КӮШОНИЁН: ДАР ДЕҲАИ ГУЛЗОР БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ ГАРДИДААСТ 15:05ОИЛА – ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ 12:19РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА- ҶАШНИ МЕҲР ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ 12:15ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ 11:58БОХТАР: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БЕМОРХОНАИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГӢ ШИНОС ШУДАНД 11:43ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА 11:38
Серхонандаҳо
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
АЗ ХУТАН ТО КУВАЙТ
РИШТАИ МЕҲР



