Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи мост
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан ҳам хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавонмард мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб рафта, тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу бум аз ҳар як сокини кишвар вобастагии зиёд дорад. Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои Мусаллаҳи он мебошад. Ҳар як ҷавони ба синни даъват расида бояд донад, ки адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҷавонмарди банангу номус ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, аз як даъват ба даъвати дигари наваскарон ба сафи Артиши миллӣ шумораи даъватшавандаҳои ихтиёрӣ зиёд гашта, ҷавонписарони далеру шуҷои Ватан бо як дилгармӣ ва муҳаббати зиёд ба ин сарзамини аҷдодӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайваста истодаанд.
Яке аз чунин намунаҳо, ба сафи Артиши миллӣ пайвастани се ҷавонмард, Сомон Исломов, Хайрулло Назиров ва Фариддун Акобиров аз як деҳаи хурдакаки “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба ҳисоб меравад, ки онҳо ихтиёрӣ ба ҳимояи марзу буми Ватан пайвастанд.
Тавре зимни суҳбат Сомон Исломов иброз намуд, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ӯ ҳам нангу ҳам шараф аст.
-Бо амри тақдир ман ду сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доштам. Дар он анборе, ки мо кор мекардем, зиёда аз 100 нафари дигар кору фаъолият мекард. Аз Тоҷикистон низ ҳамроҳи мо як ҷавони чашмикордон дар он анбор кор мекард, ки баъди адои хизмат дар Қӯшунҳои зудамали мамлакат рафта буд. Тамоми ронандаҳои анбор, ки аксарияти онҳо низ дар кишвари хеш адои хизмат карда буданд, ӯро “Десант” мегуфтанд ва зиёд эҳтиромаш мекарданд. Муносибати кормандони он анборро бо ин ҷавони тоҷикистонӣ дида, пеши худ мақсад гузоштам, ки ҳатман ба Ватан баргашта, қарзи фарзандии хешро иҷро мекунам, - гуфт Сомон Исломов.
Ҳамин тариқ Сомон баъди ба Ватан баргаштан аввалин коре, ки анҷом дод, ба Комиссариати ҳарбии ноҳия рафта, худро сабти ном кард ва дар даъвати тирамоҳии навбатӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайваст.
Қурбонхӯҷа Исломов, падари Сомон аз ин иқдоми шоистаи фарзандаш хурсанд гашта, мегӯяд барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи ӯ маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштану содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.
-Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад, ки ҷавонони мо баъд аз адои хизмат ба ин арзишҳо арҷ мегузоранд, - мегӯяд Қурбонхӯҷа Исломов.
Хайрулло Назиров ва Фариддун Акобиров ҳар ду пас аз хатми мактаби миёна назди хеш мақсад гузоштанд, ки қарзи фарзандии хешро дар назди Модар – Ватан иҷро намоянд.
Тавре онҳо зимни суҳбат иброз намуданд, ҳар як ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи хеш донад.
-Артиш мактаби бузурги матонату мардонагӣ ва далериву шуҷоат буда, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи қисмҳои низомии кишвар куллан беҳтар гардидаанд ва сарбозон дар шароити мусоид пайи хизмати марзу буми Тоҷикистони азиз қарор доранд, - мегӯяд Хайрулло Назиров.
Фариддун Акобиров бошад бар ин назар аст, ки инсон дар ҳаёти худ якчанд рисолати ҷавонмардиро бояд иҷро намояд, ки яке аз ин хизмат ба Ватан аст.
Воқеан ҳам ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва дастоварду ҳаёти осоиштаи мардум яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД