Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КОНФРОНСИ ИЛМӢ ВА ҚАДРДОНӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОМӮЗГОР
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки роҳбарият ва кормандони он конференсия баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур, директори Коллеҷи омӯзгорӣ Шаъмигул Шарифзода дар бораи мақому манзалати омӯзгор ва гиромидошти ӯ сухан карда, ҳамагонро ба муносибати ҷашнҳои давлатию соҳавӣ шодбош гуфт. Таъкид карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба эҳтирому манзалати омӯзгор, дастгирию ҳавасмандгардонӣ ва муҳайё кардани шароити мусоиди корӣ тадбирҳои ҷиддӣ роҳандозӣ гардида, ҳамасола маоши омӯзгорон баланд бардошта мешавад. Ҳамзамон, санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ Роҳбари давлат дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" сухан кард,ки саропо ба нафъи давлату ҷомеа мебошад.
Сипас, дигар иштирокдорон ҳам дар хусуси таҷлили ҷашни Рӯзи омӯзгор ва саҳми муаллим дар рушду пешрафти давлату миллат ва ояндасозӣ табодули афкор намуданд.

Дар қисмати дигари конференсия аз тарафи директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ба омӯзгорони пешсаф ва собиқадор Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



