Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ АСРИ САНГ ТО ИСТИҚЛОЛ
Дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон нигораҳо аз таърихи ноҳия, даврони асри санг то замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳфуз аст. 2500 нигораю бозёфтҳо, аз қабили олоту ашёи рӯзгордорӣ, осори заргарию кулолгарӣ, оҳангарию кандакории мардуми ориёнажод, махсусан тоҷикон, ҳунарҳои дӯзандагию бофандагӣ, аз асрҳои 6 то ба 19 нигаҳдорӣ мешавад.
– Ҳарчанд Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ҳанӯз аз соли 1977 ташкил ёфта бошад ҳам, аммо дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳиби бинои замонавӣ гашт, – мегӯяд Ҳамида Хоҷаева, директори осорхона. – 23 – юми сентябри соли 2021 бо ташрифи бевоситаи Сарвари давлат, бинои 3 қабатаи осорхонаи мо, мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло бошад дар осорхонаи мо тамоми шароити зарурӣ барои маҳфуз доштани нигораҳою бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо фароҳам буда, ҳар як ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос мекунад.
Ба гуфтаи масъулин дар ҳар як ошёна гӯшаҳои алоҳида ташкил ёфтааст. Дар қабати 3 – юми бино, утоқи кории кормандон ҷойгир аст. Ошёнаи 2 – юми осорхона пурра ба таърихи ноҳия бахшида шудааст. Дар ин ошёна метавон бо таърихи ноҳия аз даврони пеш ва баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гашт. Толори калони намоиш бо нигораҳои қадимаю мусаввараҳои ҷолибу диданӣ дар ошёнаи якум ҷой гирифтааст.
– Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ ва таърихӣ, дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, – зикр мекунад Ҳамида Хоҷаева. – Дар бинои осорхона, аз таърихи гузаштаи сокинони ноҳия тасвирҳо ҷойгир карда шудааст, ки соҳибтамаддун, соҳибкасб ва ҳунарманд будани миллати тоҷикро бозгӯ менамояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Осорхона, таърихи зиндаи ҳар як халқу миллат аст”. Аз ин ҷост, ки дар осорхона кас метавонад бо таъриху фарҳанг, расму оин ва урфу одати гузаштагони худ шинос гардад. Осорхона – яке аз пурбинандатарин макон дар ноҳияи кӯҳии Балҷувон ба шумор меравад, ки сайёҳон ҳатман аз он дидан мекунанд. Зеро дар осорхонаи мазкур дар баробари маҳфуз доштани нигораю бозёфтҳои таърихи куҳандошта, ҳамзамон, дар кадом минтақа ҷойгир шудани мавзеъҳои таърихию сайёҳии ноҳия, маълумот нишон дода шудааст.
– Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон, аз рӯйи ду шуъба, - санъати тасвирӣ ва дизайнерӣ ва шуъбаи хоҷагидорӣ фаъолият бурда, ба мардуми ноҳия ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмати фарҳангӣ мерасонад, – қайд мекунад, Моҳираи Алимаҳмад, роҳбалади осорхона. – Мо ҳамарӯза кӯшиш менамоем, ки бо истифода аз фазои сулҳу осоиштаи кишвар, насли ояндаю ҷаҳонгардонро бо таърихи ниёгонамон шинос намоем. Дар доираи шуъбаҳо, гӯшаҳои алоҳидаро ташкил карда, барои ҳамагон маълумоти заруриро дастрас намудаем.
Бино ба гуфтаи ӯ фаъолияти осорхонаи онҳо ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва шинохти шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик тарбия намудани насли наврасу ҷавон низ мусоидат мекунад. Зеро дар ин ҷо аз давлатдорӣ, муборизаву ҷоннисоркуниҳои фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абумуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафари дигар маълумоти зиёд маҳфуз мебошад.
Косаи сафолини мири Балҷувон, аз давраҳои 6-7, устухони сарбоз-зани номаълум аз асрҳои 5, сангҳои суфта ё муъҷизаҳои табиат, гӯшаи ҳуҷраи қадима бо фарогирии урфу одати мардуми тоҷик, аз ҷолибтарин нигора, бозёфту мусаввара ва ҳунарҳои бофандагию дӯзандагии мардуми тоҷик аст, ки дар осорхонаи мазкур пешкаши сокинон гаштааст.
Дар ноҳияи Балҷувон 3 осорхона имрӯз фаъолият менамояд. Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия, 23 январи соли 2023 ба феҳристи Осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст.
Н. ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



