Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР РУШДУ ТАШАККУЛИ ҶАВОНОН
Мусоҳиба бо Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
- Чун анъана дар арафаи ҷашну маросимҳои бошукӯҳи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолони касбу кори гуногун қадрдонӣ мешаванд. Дар ин чорабинӣ шумо бо мукофоти давлатӣ- медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардидед ва хуб мешуд таассуроти худро ба ин муносибат изҳор медоштед.
- Бо сипосгузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мояи ифтихору сарфарозии худ медонам, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар баробари дигар кормандони соҳаҳо бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидам. Ин қадршиносии Пешвои маҳбуби миллатро, ки дар ҳақиқат ҳам дастоварди ҷавонон ва туҳфа барои ҳамаи онҳост, аз дасти Роҳбари давлат гирифтам. Албатта, сарфарозии кормандону фаъолони касбу кори гуногун нишонаи олии таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои муаззами миллат буда, ин қадрдониҳо боиси руҳбаландии ҳар фарди худогоҳ аст, ки дар рушду пешрафти ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоламон саъю кӯшиш менамояд.
- Истиқлолият ва ҷавонони Тоҷикистон. Зери ин мафҳуми дилнишин, ки ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушди соҳаи ҷавонон ва нақши меҳварии ҷавонон дар масири пурифтихори марҳилаи бунёдкориву созандагиҳо дар кишварамон таҷассум мегардад, шумо чӣ гуфтаниҳо доред?
- Ҷавонон идомадиҳандаи ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон буда, ҳамчун зодагони даврони соҳибистиқлол дар руҳияи ҷонибдорӣ ва пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ дошта, дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ илму дониш меандӯзанд. Истиқлолият барои ҷавонон ҳамаи шароитҳои мусоидро барои таҳсил, истироҳат ва фаъолият фароҳам оварда, ки мо, мардуми шарафманди кишварамон аз ин дастовардҳо хушҳолу бахтиёрем. Истиқлолият таҳкимбахши рушди ҷомеа, орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буда, самараи хушбахтию хушҳолии мардум аст, ки ин озодманишиву саодати зиндагӣ бо саъю талош ва заҳматҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат насиби мо гаштааст.
- Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хавфу хатарҳои гуногуни идеологӣ нигаронӣ дорад, ҷавонони худогоҳи вилояти Хатлон дар майдони муборизаҳои идеологӣ ва муқовимат алайҳи ҳуҷумҳои иттилоотӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ чӣ нақше доранд?
- Мусаллам аст, ки фазои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳониро хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро фаро гирифтааст. Дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мехоҳанд ҷавононро мағзшӯӣ кунанд, мо чораандешӣ намуда, вохӯриву суҳбатҳоро миёни наврасону ҷавонон тақвият бахшида истодаем. Аксарияти суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои маърифатие, ки миёни ҷавонон баргузор мегардад, ҷиҳати пешгирӣ аз омилҳои номатлуб мусоидат мекунад. Бахусус, дар ин шабу рӯз аз марказҳои маъмурӣ то дурдасттарин деҳкадаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқаҳои футбол, шашкаю шоҳмот, волейбол, гӯштингирӣ бо усули деҳа ба деҳа баргузор гардида истодааст. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳо силсила чорабиниҳои гуногун ҷараён дошта, ҷавонон алайҳи амалҳои ғаразнок ва ифротии гурӯҳҳои иртиҷоӣ вокунишҳо нишон дода истодаанд ва дар ин самт аз ҷониби ҷавонони донишманду худогоҳ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаҳо рӯи чоп меоянд.
- Чун суҳбатамон дар арафаи ҷашни фархундаи миллӣ- Рӯзи Истиқлоли давлатӣ рост меояд, мегуфтед, ки ҷавонони вилоят ин ҷашнвораи бузурги таърихиро бо чӣ дастоварду муваффақият истиқбол хоҳанд гирифт?
- Дар заминаи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон таҳия гардида, бо ташкилу баргузор намудани барномаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ миёни мардум кор карда истодаем. Дар доираи ин тадбири муҳим аксияҳои вилоятии “Ман аз Истиқлоли Ватан ифтихор мекунам” ва “Ман зодаи даврони Истиқлолият” баргузор гардида, як силсила чорабиниҳои варзишиву маърифатӣ роҳандозӣ гардидааст.
Истиқлолу озодӣ мафҳумест, ки ҳар яки моро ба қуллаҳои мурод мерасонад ва орӣ аз ҳама бухлу кинаву адоват аст. Ёсеф Бродский ҷое мегӯяд, ки аз даст додани истиқлолият аз гум кардани бегуноҳӣ бадтар аст”. Бо дарки ҳамин муҳимият новобаста аз гиру дорҳои таърихӣ, миллати барои бунёди кишвари мустақил, ки орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонаш буд, дубора азм карду ба ҳадаф расид. Марҳилаи нави таърихи ҳам ба сари мардуми тоҷик имтиҳони сангинро овард. Аммо хираду андешаи воло ин санҷишро ҳам пушти сар карду ҳаминак, мо пайи расидан ба ҳадафҳои наҷиби хеш дар роҳи шукуфоии Ватани азизем. Боиси ифтихору сарфарозист, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол рушду пешрафт мекунад. Ҳамакнун, мардуми шарафманди кишварамон дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва бо эҳёи расму оинҳои мондагори аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба вижагиҳои фарҳанги миллӣ, ки аз умқи таърих маншаъ мегирад, зиндагонӣ доранд. Дарвоқеъ, пайи ин ҳама озодию хушиқболиҳо марде меистад, ки дар синааш қалби ҷаҳон метапад. Фарзанди фарзонаи миллат Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатмарди таърихсозе мебошанд, ки ташаббусҳои ояндасози рӯи даст гирифтаашон, на танҳо барои рушду фароҳамсозии зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон, балки барои тамоми башарият нигаронида шудааст.
- Муҳтарам Рамазон Насриддинзода хуб мешуд, каме дар бораи нақша- чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатӣ маълумот медодед, ки то имрӯз дар самти ҷавонон чӣ корҳо анҷом дода шудаву чӣ гуна лоиҳаҳои бунёдкорӣ амалӣ шуда истодааст?
- Ёдовар бояд гардид, ки ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди марказҳои ҷавонон дар ноҳияҳои Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Ҷалолиддини Балхӣ идома дошта, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ҳамзамон, имрӯзҳо дар қаламрави вилоят бунёди зиёда аз 260 иншооти дигари соҳавӣ бо суръат ҷараён дошта, то имрӯз корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ба асбобу лавозимоти зарурӣ дар 60 адад иншооти ҷашнӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардории ҷавонон қарор дода шудааст. Ҳамзамон, ба истиқболи ҷашнвораҳои фархундаи кишварамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои гуногун баргузор гардида истодааст, ки ин ҳама иқдомҳо ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ нигаронида шудааст.
Мусоҳиб Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»