Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нақши муассири Истиқлоли давлатӣ дар ташаккули рукнҳои давлатдорӣ
Волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдору куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик дар таърихи навин, соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Имрӯз бо шукргузории беандоза мо ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комил истиқбол мегирем. Ҳамаи ин аз заҳмату роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки чандин сол муқаддам кинаву ҷаҳолат ба ваҳдату созандагиҳо табдил ёфт. Ин буд, ки дар як давраи начандон тӯлонӣ кишвари мо ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ ниҳода ба рӯҳияи мардум неруи тозаи созгор бахшид. Ин хизматҳои Сарвари давлат дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои зарин ҳаккокӣ мегардад.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад.
Имрӯз тоҷиконро тамоми дунё чун миллати соҳибдавлат эътироф мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро боТоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои соҳибистиқлолист.
Маҳз бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, дар ин замина Тоҷикистони тозаистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шуморида, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуд ва санаи 6 – уми ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатамонро қабул намуд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он таъсис додани низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт, марҳилаи муҳимтарин гардид. Мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аслан аз нав ташаккул ёфтанд.
Фаъолияти мақомоти адлия маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳаматарафа инкишоф ёфт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт. Мақомоти мазкур аз рӯзҳои аввали таъсис ва фаъолияти худ дар сафи пеши барқарорсозандагони адолат қарор дошта, дар ин самт қадамҳои устувори худро мегузошт.
Мавриди зикр аст, ки то соли 2021 мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳидаи худро, ки самтҳои фаъолият, низом, сохтор ва ваколатҳои ин мақомотро танзим намояд, надошт ва “Рӯзи кормандони адлия” низ, санаи муайян надошта, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи рӯзҳои ид” якшанбеи дуюми моҳи октябр ба ҳисоб мерафт.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 апрели соли 2021 дар таърихи мақомоти адлия аввалин қонуни соҳавӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлияро муайян намуд.
Нақш ва мавқеи хосаи Вазорати адлия баъд аз касби Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт ва лозим ба ёдоварист, ки дар солҳои нооромӣ ин мақомот сарфи назар аз ҳама мушкилиҳову кӯшишҳо тавонист садои одилонаи худро боло кунад ва алайҳи ҳама кӯшишҳои гурӯҳҳои манфӣ истодагарӣ намояд.
Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, дар ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, дар ин муддати таърихӣ роҳи пурпечутоби ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро тай намуда, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ додааст, ки ин анъанаи корӣ то ба имрӯз давом дорад.
Хусусияти хоси Вазорати адлия дар он зоҳир мегардад, ки вай дар баробари мақомоти судӣ ба амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин менамояд ва бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад. Қобили қайд аст, ки дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ ва молу мулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият низ мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд.
Маҳз бо шарофати ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар фарди тоҷик имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати касбии худро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор гузоранд.
Пас мо, шаҳрвандони Тоҷикистонро мебояд, ки ба қадри ин ҳама неъматҳо расида, баҳри ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосову соҳибистиқлол кӯшиш ба харҷ диҳем.
Раҷабзода Бибираҷаб Сафаралӣ,
муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



