Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
07 сен 10:41АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Чеҳра
Меъмори Истиқлол
Истиқлолият аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, ин неъмати бебаҳо баъди муборизаҳои ҳазорсолаҳои гузаштагонамон барои соҳиби давлат шудану тақдири хешро ба дасти худ навиштан ба даст омадааст. Аз масири муборизаҳои озодихоҳӣ, ки садсолаҳо идома ёфта, чандин наслҳои халқи тоҷик сарнавишити талхеро паси сар намудаанд, достону қиссаҳои пандомӯзе барои ояндагони хеш боқӣ гузоштаанд. Бахусус, ҳаводиси солҳои 1991-и асри гузашта, ки душманони миллати тоҷик бо ҳадафи ба нестӣ расонидани истиқлоли тозарасидаи мо садо баланд карда буданд, фаромӯш ношуданист.
Дар ҳамон шабу рӯзе, ки душманон миёни мардум фитна ангехта, ҷомеаро парешон сохтаву худ нақшаҳои хоҷагонашонро амалӣ мекарданд, хатари парокандагии ҷомеа ва ба қисматҳо тақсим намудани сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳдид мекард. Тақозои замон буд, ки дар он лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз шахсияте дар арсаи сиёсат зуҳур карда, бо шуҷоати бемислу садоқати бепоён миллатро аз парокандагӣ Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ бираҳонад. Дар ин айёми сарнавиштсоз фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат ворид шуду ин абармард бо ҷасорати ба худ хос кишварро аз алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшид.
Вақт собит намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсияти беназири таърихист, ки бо амри тақдир ва ҳидояти Парвардигор аз иҷрои ин рисолати муҳим ба сарбаландӣ мебарояд. Сарвари ҷавони кишвари ҷангзада аз нахустин лаҳзаҳои Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон бо иқдомҳои ватандӯстонаву тасмимгириҳои ҷиддӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ муваффақ гардида, дар баробари гирдиҳамовардани сангарҳои мухолиф бояд муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан бармегардонид. Дар ин масири муборизаву фидокориҳо борҳо аз минбарҳои баланд изҳор намуда буд, ки ба ҳар хонадон сулҳ меоварад ва барои ин миллат ва Точикистони азиз лозим ояд, ҷони худро дареғ намедорад.
Ҳамин хислатҳои волову инсондӯстона ва ҳисси баланди меҳандӯстонааш буд, ки миёни хурду бузурги сокинони кишвар ва ҳам дар арсаи сиёсатҳои бузург ҳамчун шахсияти обрӯманду дар аҳди хеш вафодор муаррифӣ шуда, таҷрибаи сулҳовариаш мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор гирифт.
Имрӯз ҳам Пешвои муаззами миллати мо ҳамчун Роҳбари тоҷикони ҷаҳон баҳри ҷойгоҳи шоиста пайдо намудани миллати тоҷикон аз мавқеи ҳамзабонони мо дар ақсои гуногуни олам дифоъ мекунанд, ки бозгӯи ҷавонмардиву шуҷоати Сарвари хирадманди мост.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу иқдомҳои шоиставу созанда мардумро ба ватансозӣ, ободгарӣ ва ба зиндагии шоиста даъват намуда, мамлакати дар оташи ҷанг мондаро ба кишвари шукуфону тараққикарда табдил доданд.
Агар ба раванди корҳои ободонии чанд соли охир бингарем, дар ин давра дар кишвар дигаргуниҳои бузург ба чашм мерасанд, ки бо бунёди ҳазорон иншооти замонавӣ аз сатҳи деҳот то шаҳрҳои бузурги кишварамон симои худро куллан дигар кардаанд.
Бинобар ин, тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз ноил шудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва азму иродаи тавонманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмом сарчашма мегирад, ки ҳамчун меъмори Истиқлол ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат роҳнамои мардум дар масири таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва ҳидоятгари мо дар иқдомҳои бунёдкориву ватансозӣ мебошад.
Ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛ ва пайравони содиқи ӯ- мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бод!
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



