Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Парвариши киви
Сулаймон Шафоев, деҳқони таҷрибадоре аз ноҳияи Кӯшониён аст, ки дар баробари кишту парвариши якчанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ, имсол парвариши дарахти кивиро роҳандозӣ кардааст.
Сулаймон мегӯяд ниҳолакони киви аз Эрон ба Тоҷикистон ворид шудаанд ва ӯ онҳоро аз шаҳри Ҳисор харидорӣ намуда, дар замини наздиҳавлигии хеш шинонидааст.
Ба андешаи ин деҳқони таҷрибадор парваришу нигоҳубини киви мушкилоти зиёде надорад. Ба монанди токи ангур шинонида мешавад ва танҳо лозим аст, ки решааш доимо намнок бошад.
-Имсол ҳамагӣ 20 ниҳоли кивӣ шинонидаам. Агар онҳо боровар гарданду ҳосилашон хуб шавад, оянда майдони ин меваи хуштамъро зиёд мекунам, - гуфт зимни суҳбат Сулаймон Шафоев.
Сулаймон барои нигоҳубину парвариши дарахтони шинонидааш аз усули замонавии обёрии қатрагӣ истифода кардааст. Зеро киви дарахти обдӯст буда, аз ин ҳисоб нашъунамояш хеле хуб мешавад.

Ба андешаи Сулаймон Шафоев дарахти киви то 30 дараҷа сардӣ тобовар аст. Аз ин рӯ ин меваи хушлаззатро дар ҳавои кушод низ парвариш карда мешавад.
-Иқлими Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон низ барои парвариши кивӣ мутобиқ мебошад. Агар ҳар нафаре, ки ин меваи хуштамъро парваришу нигоҳубин мекунаду каме ҳам бошад нозукиҳои парвариши онро сарҳисоб равад, боварӣ аст, ки ҳосили хуб ба даст меорад, - мегӯяд Сулаймон.
Сулаймон бар ин назар аст, ки моҳи апрел барои шинонидани дарахти киви хеле қулай аст. Чунки то фаро расидани моҳҳои нисбатан гарм решаи он аллакай мустаҳкам мегардад.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ниҳол бояд ҳатман пайвандӣ бошад. Зеро ниҳоли пайвандӣ ба ҳар гуна касалиҳо тобовар аст.
Сулаймон дарахтони кивиро дар масофаи 4 метр дур аз ҳамдигар ва чуқурии 60 – 70 сантиметр шинонидааст. Пеш аз шинонидан каме биогумус ҳамро карда, то ҷое, ки пайванд карда шудааст тагӣ хок кардааст.

Ӯ мегӯяд дар вақти обдиҳӣ истифодаи нуриҳои минарелии карбамиту нитраамофос манфиатбахш мебошад. Истифодаи ин нуриҳои минералӣ аз ҳаҷми дарахт вобастагӣ дорад. Ҳар қадаре, ки дарахт хурд бошад, кам истифода бурдан лозим. Инчунин дар барги дарахт пошидани ватамини “Нутриван” низ фоидаи хуб дорад. Истифодаи витамин нашъунимоӣ дарахтро тезонида, ба бе нуқсон бузург шудани он мусоидат менамояд.
Таҷрибае, ки Сулаймон Шафоев роҳандозӣ кардааст, дар вилояти Хатлон камсобиқа мебошад. Агар маҳсули дастранҷи ӯ самараи хуб ба бор оранд, таҷрибаи хубе барои кишоварзони вилоят хоҳад шуд.
Сулаймон Шафоев дар баробари кори деҳқонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мухотабони хешро дорад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоии You Tube, Tik Tok, ва Instagram бинандаву шунавандаҳои зиёд дошта, ба онҳо аз навгониҳои соҳаи кишоварзӣ бо пешниҳоди видеоҳои омӯзишӣ маслиҳатҳои судманд медиҳад. Инчунин дар шабакаи иҷтимоии Facebook гурӯҳи махсус бо номи “Соҳаи кишоварзӣ” дорад, ки пайваста аз навигариҳои ин соҳа маводу маслиҳатҳои хонданиву ҷаззоб пешкаш менамояд.
Иштирокчии чандин форуму конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии марбут ба соҳаи кишоварзӣ буда, бо сипосномаву ифтихорномаҳои зиёде қадрдонӣ шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ШАРАФ БА ПЕШВО



