Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ваҳдат
Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд,
Тарсу ҳаросу ғусса ҳама пушти бом шуд.
Аз синаҳо ғубори алам пок шуд аҷаб,
Бар дидаҳо шарори саодат паём шуд.
Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд.
Раҳ ёфт сулҳ боз бар ин хонадони мо,
Лабрези нӯш гашт дили тифлакони мо.
Андӯҳ рафту ғам зи дари ошёни мо,
Бар дидаҳо шарори саодат паём шуд.
Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд.
Ваҳдат ба дарди миллати ман мумиё шуда,
Хоки Ватан ба ҳар яки мо тутиё шуда.
Ин хонаи умед зи нав пурзиё шуда,
Бар дидаҳо шарори саодат паём шуда.
Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд.
Ин неъматест, бо гарави ҷон харидаем,
Бо хуни бегуноҳ шаҳидон харидаем.
Хеле гарон фитод, на арзон харидаем,
Бар дидаҳо шарори саодат паём шуд,
Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд.
Назокат Олимзода
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



