Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
07 июн 17:03АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод / Маслиҳати муфид
Ҳузури зиндагӣ
Аз нақлу қиссаҳои пирони рӯзгордида шунидам, ки то солҳои 50-60-уми қарни гузашта дар бисёр деҳаҳои кишварамон ҷувозҳо ва осиёбҳои сангии обӣ мавҷуд буданд. Вале бо гузашти айём шумораи зиёди онҳо аз байн рафтанд.
Бар асари воқеаҳои ба ҳама маълуми солҳои 90-уми асри гузашта боз зарурати бунёди чунин осиёбу ҷувозҳо ба миён омад. Хусусан, осиёбҳои сангии обӣ ба қавле мисли обу ҳаво ба мардум зарур буд. Осиёбҳои худсози барқӣ талаботи аҳолиро қонеъ гардонида наметавонистанд, зеро орди он ниҳоят пасту бесифат буд. Аз як тараф нарасидани гандум ва аз тарафи дигар дар куҷо орд кардани гандуми ба даст омада мардумро ба мушкилоти сахт рӯ ба рӯ намуд.
Ана дар ҳамин давраи ниҳоят мушкилу вазнин сокини деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ усто Нуриддин мушкилоти мардумро хеле осон намуд.
Аз ҳисоби обҳои чашмаҳои кӯҳи болои деҳа дар масофаи 180 метр наҳри калони обро оварда, дар мавзеи зебою сердарахти деҳа осиёби калону зебои сангӣ бунёд намуд. Инак, зиёда аз 32 сол аст, ки осиёби сангии обии амаки усто Нуриддин ба ҳазорҳо нафар сокинони деҳаҳои ноҳия ва берун аз он хизмат расонида истодааст. Бартарӣ ва афзалияти осиёби сангии обӣ дар он аст, ки қувваи барқ тамоман истифода бурда намешавад.
Вақте ки мо ба деҳаи Кафтархона расидем, аллакай рӯз бегоҳ мешуд. Баъди дидану шинос шудан ба тарзи кори осиёби сангии обии усто Нуриддин, ки хеле бароямон шавқовар буд, ба суроғи ӯ баромадем. Гуфтанд, ки ҳамроҳи фарзандонаш дар замини хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-аш, ки дар соҳили дарёи Яхсувоқеъ гардидааст, машғули кишти пахта мебошанд. Баъди тамос гирифтан мо ба пешвози ӯ рафтему вай ба истиқболи мо омад. Чун фаҳмид, ки дар бораи фаъолияти меҳнатиаш, аз ҷумла осиёби сангии обӣ, ки бо дастони муъҷизаофарини ӯ бунёд гардидааст, маводе рӯи чоп меорем, хеле хушнуд гардид. Суҳбат дар дохили осиёб сурат гирифт.

Тавре ки аз суҳбат маълум гардид, Нуриддин Тағойназаров баъди хатми бомуваффақияти техникуми сохтмони шаҳри Душанбе солҳои зиёд дар хоҷагии Хоҷа Сартези ноҳияи Восеъ ба ҳайси корманди барқ ва бригадири сохтмончиён фаъолият намудааст. Ба ихтироъкорӣ ва сохтани ҳама гуна таҷҳизотҳои сохтмонию барқӣ шавқи беандоза дорад. Ана ҳамин қобилияту истеъдодаш буд, ки соли 1992 барои ҳунари сангтарошӣ ва бунёди осиёбҳои сангии обӣ руҷӯъ намуд. Ҳунари сангтароширо аз якеаз устоҳои ботаҷрибаю номдор бобои Саидиброҳим омӯхт. Ба ғайр аз осиёби сангии обии худаш ҳамроҳи устодаш - бобои Саидиброҳим дар якчанд деҳаҳои ноҳияи Восеъ, Ховалинг ва Кӯлоб, ки ба манбаҳои об наздик буданд, 13 осиёбҳои сангии обӣ сохта, ба мардум доданд. -Зиёда аз 30 сангҳои босифати осиёбӣ тарошида, ба ниёзмандон тақдим намудем. Аммо бисёри он осиёбҳо бо сабабҳои гуногун аз кор монданд, -мегӯяд ботаассуф Нуриддин Тағойназаров.
Осиёби сангии обии усто Нуриддин дар ҳақиқат овозадор буда, дар шафати роҳи калони Восеъ- Тангатовтӣ- Ховалинг воқеъ гардидааст ва муштариёни зиёд дорад. Чӣ тавре ки ба мо маълум гардид, осиёб гандумро хеле босифат орд мекунад. Сирру асрораш дар он аст, ки наҳри оби хунуку мусаффо аз таги санги осиёб мегузарад ва санг гарм намешавад. Аз ин рӯ гандум гарм намешавад ва орд босифат тайёр мешавад. Иқтидори осиёб дар як шабонарӯз барои орд кардани 1,5 тонна гандум мусоидат менамояд. Барои кори мунтазаму босифати осиёб бояд санги он саривақт иваз карда шавад. Ҳар гуна сангҳои муқаррарӣ барои кори осиёб мувофиқ намеояд.
Чӣ тавре ки дар суҳбат усто Нуриддин иброз намуд, ҳамроҳи фарзандонаш сангҳои хосаро аз кӯҳҳои Даштиҷум (90 километр дуртар аз шаҳри Кӯлоб) дастрас карда, ба осиёб меоранд.
Дасти усто гул аст мегӯянд. Аз ҳисоби оби ба зери осиёб омада, қувваи барқ истеҳсол гардида, дохил ва гирду атрофи бинои осиёб ҳамеша равшан аст. Ҳамаи мардуми деҳа ва деҳаҳои гирду атроф аз хизматрасониҳои соҳибони осиёб хурсанду розӣ буда, дар ҳаққашон суханони нек мегӯянд.
Усто Нуриддин ҳамроҳи 4 нафар писаронаш соли 2014 дар шафати осиёбаш дар 0,70 гектар замини ғайрикорам ҳавзи моҳӣ бунёд намуданд. Алҳол дар ҳавз моҳиҳои карп, амури сафед ва зардмоҳӣ парвариш меёбад.
Инчунин дар масоҳати 3,2 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и “Абубакр”-ро ташкил намуданд. Дар як гектар боғ бунёд намуда, дар ду гектари дигар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт менамоянд.
Усто Нуриддин Тағойназаров бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути меҳнати ҳалолу бурдборона 22 нафар аъзоёни оилаашро мехӯронаду мепӯшонад ва ҳам дар иҷрои барномаи озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
Ҳини суҳбат бо усто Нуриддин дар даруни бинои осиёб овози рехтани об ва гардиши санги осиёб, ки донаҳои гандумро маҳин-маҳин орд мекард, ба гӯшам форам садо медод. Беихтиёр мисраъҳои зерини шеърӣ ба хотирам омад:
Рӯзӣ ба нишастан насиби кас нашавад,
Бояд чу осиёб зи пайи обу дона рафт.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД



