Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
20 май 15:17АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
Ҳулбук – ёдгоре аз аҳди бостон
“Роҳбарону масъулон ва ҳар шахси огоҳе, ки таърихи пурифтихори диёр барояшон азиз аст, бояд ёдгориҳои таърихиро ҳифз карда, онҳоро барои тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ифтихор аз дороиҳои фарҳангиву таърихии миллати тоҷик пурсамар истифода баранд.”
Эмомалӣ Раҳмон
Мувофиқи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ вабайналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар вилояти Хатлон 4 ёдгории нодири таърихӣ ба Феҳрести мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд, ки Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ яке аз онҳост.
Дар Энсиклопедияи советии тоҷик (ҷилди 8) чунин омадааст: “Ҳулбук димнаи шаҳри мансуб ба асрҳои 9- 10 – пойтахти Хуталон мебошад. Ин қалъаро ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта олими бостоншиноси рус В.Г.Чейлитко кашф намуда буд. Ҳафриёти ин қалъаи таърихӣ диққати дигар олимонро ба худ ҷалб намуд. Соли 1952 олими бостоншинос Б. А. Литвинский баъдтар бостоншинос Эркиной Ғуломова дар қалъаи Ҳулбук таҳқиқотҳои бостоншиносӣ гузарониданд.
Натиҷаи ҳафриётҳо нишон дод, ки шаҳр аз шаҳристон, арк, работ ва қабристон иборат аст.
Дар ҳудуди шаҳристон биноҳои истиқоматию хоҷагӣ ёфт шуданд, аммо фақат як бинои он таҳқиқ гардидаасту халос. Тибқи ковишҳои бостоншиносӣ маълум гардид, ки ин бинои истиқоматӣ ( 46x 39м ) буда, аз хишти пухта ва гаҷ бино ёфтааст.
Аз қисмати ғарбии шаҳристон ташноб, ҷойи махсус барои партофтани ахлот ва системаи гармидиҳандаи манзил, ки аз зери иморат гузаронида шудааст, ёфт гардидаанд.
Кишваршинос М.А. Варигин яке аз аввалин олимонест, ки дар бораи мавқеи аниқи ҷойгиршавии шаҳри Ҳулбук пешниҳоди мушаххас намуд. Вай ҳудуди шаҳрро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, ба чунин хулоса омадааст: “Аз тамоми музофотҳои Хатлон соҳилҳои дарёҳои Сурхоб (Ҳулбук) ва Ахшу (Яху) ҳам аз лиҳози шароити зист ҳосилнокии замин, ҳам аз лиҳози стратегӣ қисмати асосӣ ба шумор мерафтанд... Яъне, дар гирду атрофи он мавҷуд будани монеаҳои рафтуо, саддҳои душворгузари табиӣ, ба мисли кӯҳу дараҳо, ағбаҳои баланд ва аз ҷануб дарёи пуртуғёни Ому кафили дифои Ҳулбук аз ҳамаи душманон ва пешгирии иқлими ноустувор ба ҳисоб мерафтанд”.
Танҳо соли 1952 ба олимони тоҷик Б. А. Литвинский ва А. Давидович муяссар гардид, ки ҷойи аслии ҷойгиршавии ин шаҳри қадимаро дар ҳудуди имрӯзаи деҳаи Қурбоншаҳиди (ҳоло Меҳробод) ноҳияи Восеъ муайян намоянд.
Маълумоти қадимтарин дар бораи Ҳулбук, ҳамчунин дар адабиёти атиқа низ дучор меояд. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ, асарҳои таърихнигорон ва ҷуғрофидонҳои асримиёнагӣ шаҳри Ҳулбук ҳамчун пойтахти Хуттал ёдовар шудааст. Дар асари “ Ҳудуд- ул – олам”, ки бо қалами муаллифи номаълум соли 982 бо забони тоҷикӣ таълиф шудааст, якчанд шаҳрҳои Хуттал, аз ҷумла Ҳулбук номбар шудааст:.. Ҳулбук шаҳрест барокуҳ ниҳода, бисёр мардум, сарсабз бо рустоҳои бисёр".
Шаҳри қадимаи Ҳулбук, ки арки Хатлоншоҳиён низ онҷо қарор дошт, маркази муносибатҳои байналмилалии дипломатӣ ба ҳисоб мерафт. Дар давраи ҷангҳои қавмию ҳуҷуми истилогаронаи аҷнабиён маҳз шаҳри Хулбук аз ғоратгарию оташсӯзӣ ва харобкориҳо зарар медид. Агар мо саҳифаҳои таърихиро варақ занем, огоҳӣ пайдо менамоем, ки шоҳони ватандӯсту ҷасури Хутталон Шаҳбол ва бадр Тархун чи гуна ба муқобили душманон қаҳрамонона меҷангиданд.
Чи тавре ки дар суҳбат бо мо директори Муассисаи давлатии “Мамнуъгоҳи таърихӣ- фарҳангии Ҳулбук” Абдулло Хоҷаев иброз дошт, дар кушодани асрор ва таърихи қалъаи Ҳулбук олими бостоншинос Эркиной Ғуломова саҳми арзанда гузоштааст. Бо сарварии ӯ аз соли 1957 то соли 1994 дар Ҳулбук тадқиқотҳои бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои хуб ба бор овард. Бо даъват ва тавсияи ӯ шуруъ аз соли 1976 рассом, меъмори ботаҷриба В. Н. Бажутин дар корҳои андозагирӣ, банақшагирии маҷмааи Қаср, барқарорсозии тарҳи дохили Қаср корҳои зиёдеро ба сомон расонид.
Ҳангоми ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз ин ёдгории таърихӣ бозёфтҳои нодиреро пайдо намуданд, ки аз дараҷаи баланди санъати шаҳрдорию шаҳрсозӣ ва рушди ҳунарҳои гуногуни мардумӣ гувоҳӣ медиҳанд. Санъати баланди кулолгарӣ бо зарфҳои аълосифати сирдор, зарфҳои булурӣ ва ҳафтранги шишагӣ, сангӣ, деворнигораҳои рангин, шабакаҳои зерифаршии гармидиҳӣ, хатҳои оби нӯшокию партовҳо, санъати заргарию оҳангарӣ ва зарробхонаи шаҳр далели гуфтаҳои боло мебошад.
Аз ҳавзи Қайнар (Нозкӯл) то қалъаи Ҳулбук- пойтахти Хатлони бостонӣ бо қубурҳои гилини гулдор оби тозаи нӯшокӣ гузаронида шуда буд. Аҳолии шаҳри Ҳулбук ва деҳаҳои гирду атрофи он оби мусаффо ва ширину хунуки чашмаҳои мавзеъҳои Қайнарро истеъмол менамуданд.
Шаҳри Хулбук (асрҳои 9-10) - пойтахти Хатлони бостонӣ ҳамчун иншооти нодири асримиёнагии меъморӣ – бостоншиносии дараҷаи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, намунаи беҳтарини шаҳрдорию шаҳрсозӣ, таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва умуман мардуми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
Айни ҳол аз ҳудуди шаҳри бостонии Ҳулбук тақрибан 20 гектар замин боқӣ мондааст. Ковишҳои археологӣ аслан дар ҳудуди Қасри Ҳулбук дар масоҳати 2,5 гектар гузаронида шудааст, ки дар натиҷа он қаср пурра аз зери хок бароварда шуд.
Ёдгории таърихии Ҳулбук яке аз муъҷизаҳои фарҳанги моддиву маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ана ҳамин нуфузи оламшумул буд, ки соли 2009 дар пойтахти фарҳангии кишвари Чин - шаҳри Сиан дар қатори 8 ёдгории беназири таърихӣ қалъаи Ҳулбук ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешими ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги таърихӣ доштан дар тамаддуни умумибашарӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ин шаҳри бостонӣ “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук” ва осорхонаи зебою бошукуҳ таъсис дода шуд. Ҳамарӯза ин мавзеи бузурги таърихиро садҳо нафар меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо мекунанд.
Айни замон бо тавсияи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таваҷҷуҳашон ба Ҳулбук бениҳоят зиёд аст, аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ду лоиҳа ҷиҳати боз ҳам шоистаю арзандатар қабулу пазироии меҳмонон ва сайёҳон амалӣ гардида истодааст: 1. Ланшафт - дар шакли табиӣ пешниҳод кардани бозёфтҳои таърихӣ. 2. Тозаю дуркунии обҳои барфу борон.
Воқеан ҳам Ҳулбук чун ёдгории беназир аз аҳди бостон аст. Ба қавли шоири ширинсухан устод Ҳақназар Ғоиб:
Гарчи Ҳулбук гӯяд аз вайронии девори мо,
Лек ”Авесто” гӯяд аз пойдории осори мо.
Рӯдакӣ гӯяд аз табъу руҳи оташбори мо,
Дар паноҳи шоҳдевори бузургон зиндаем.
Аъзам БОБОЕВ, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД