Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Конститутсия - ифодакунандаи рушди босуботи кишвар ва таъмини қонуният
Дар ҳақиқат, ҳар пешниҳоду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзмарра буда, аз дастгирии қишрҳои ин ҷомеа бархӯрдор аст. Соли 2024-ро ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани Пешвои миллат бесабаб нест, зеро агар аз як тараф, ба пешвози 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад аз тарафи дигар, ин водор менамояд, ки огоҳии мардум ба қонуну қонуният, арзишҳои инсонӣ ва эҳтироми арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ боло бардошта шавад.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба шахсиятҳои огоҳу ҷаҳонбинии васеъдошта ва созандаву бунёдкор эҳтиёҷ дорад, то он арзишҳои милливу соҳибихтиёриро, ки бо талошҳои таҳаммулпазиронаву пайгиронаи Пешвои миллат ва халқи соҳибтамаддуни он ба даст оварда шудааст, ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Зеро маҳз ҳамин арзишҳо метавонад давлатсозии моро дар олами мутамаддин муаррифӣ ва онро поянда нигоҳ дорад. Иҷрои талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқии давлат яке аз нишонахои ҳастии давлат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, аллакай соли 1999-ро Пешвои миллат Соли волоияти қонун ва ризоияти шаҳрвандӣ эълон намуда буданд, ки аз дастгирии калони доираҳои илмии дохиливу берунӣ бархӯрдор гардида буд.
Соли маърифати ҳуқуқӣ ин давоми ҳамон тадбирҳое мебошад, ки ҳар фарди имрӯзаи Тоҷикистон ҳақшиносу адолатхоҳ бошад, аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳ бошад ва дар мавридҳои зарурӣ онро дифоъ карда тавонад, манфиатҳои ватану миллатро дар мадди аввал гузорад, дар ин ҷаҳони пурталотум, ноором ва пешгӯинашаванда манфиатҳои миллии худро дарк намояд ва бетарафиро пеша накарда, баръакс барои ҳифзи арзишҳои миллии худ омодагӣ нишон диҳад. Ба мафҳумҳои ҳуқуқии ҳақиқат, адолат, қонуният, баробарӣ ва арзишҳои ахлоқӣ эҳтирому таҳаммулпазирӣ содиқ бошад. Донишу маърифати ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳуқуқшиносону ҷомеашиносон балки ба ҳар фарди ҷомеа зарур мебошад, то аққалан ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонад.
Ҳар як меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим дароварда, дар асоси он якчанд қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ қабул шудааст. Дар баробари ин, меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал менамояд ва сарчашмаи асосии ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Санадҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунанд, эътибори ҳуқуқӣ надорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мафҳумҳои «инсон» ва «шаҳрванд» диққати махсус додааст. Аз ҷумла дар моддаи 5 гуфта шудааст, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дорад. Ҳамчунин боби дуюми Конститутсия пурра ба риоя, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст, ки ба рушду инкишофи ҳар фарди мамлакат мусоидат намуда, ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа пурра созгор аст. Муттассифона, на ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз ин меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз ва аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳӣ доранд ва табиист, ки ба мушкилоти гуногун дучор мешаванд. Ба андешаи мо, маҳз ҳамин арзишҳо ва мушкилот Пешвои миллатро водор намуд, ки соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намоянд. Аз ҳама бештар ба Консттутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як санади роҳнамо ва танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст ва пешравию рушди кишвари мо ба он пайванди ногустарӣ дорад ва бешубҳа яке аз муқаддасоти миллӣ аст, эҳтироми беандоза дошта бошем. Чи тавре ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ қайд намуданд ин ҳамаи рушди кишвар ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад ва аз он сарчашма мегиранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайян намудани салоҳияту вазифаҳои мақомоти асосии давлатӣ ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар муносибатҳои байналхалқӣ нақши калон дорад. Аз ин рӯ, донистану аз худ кардани меъёрҳои Конститутсия ба ҳар як шаҳрванди кишвар ҳатмӣ буда, маърифати ҳуқуқии онҳоро боло мебардорад. Инҷо саволе ба вуҷуд меояд, ки барои чи мо ин қадар Конститутсияи Ҷумҳарии Тоҷикистонро тавсиф намуда соли маърифати ҳуқуқиро истиқбол менамоем. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 30 сол ба кишвари азизи мо ҳамчун як санади роҳнамо буда, Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ намуд. Аз тарафи дигар дар ҳамон лаҳзаи барои мо сарнавиштсоз, ки хавфи аз байн рафтани давлат таҳдид менамуд ва ҷанги дохилӣ ҷараён дошт, аз таъмини амнияти мардум, аз пешгирии ҷанги хонумонсӯз, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини қонунияту адолат, баргардонидани гурезаҳои дохилию хориҷӣ ба ҷои истиқомати доимӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз таъмини ваҳдати миллӣ вазифаи бузургтару муқадастаре набуд. Хушбахтона, мо маҳз ба шарофати Пешвои миллатамон ва ҳамин санади тақдирсоз ба чунин рӯзҳои тинҷу ором расидем ва имрӯз аз ин тантанаи адолат истиқбол менамоем.
Алабатта, ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷаҳони муосири ҷаҳонишавӣ (глобализитсия) рушду пешрафт аҳамияти бесобиқа дорад ва аз ин ҳама халқу миллатҳои ҷаҳон пуштибонӣ менамояд ва хосияти хуби динамикӣ дорад. Ҷаҳони имрӯзаро бе ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тасаввур карда намешавад. Яке аз хосиятҳои ҷаҳонишавӣ технологияи иттилоотӣ мебошад, ки ҳама аз он фаровон истифода мебаранд ва дар кору фаъолияти онҳо кумаки калон мерасонад. Вале дар баробари тарафҳои мусбат, мушкилоти ҷаҳоншавӣ хеле зиёд мебошад ва ин давлату ҷомеаҳои гуногунро бетараф гузошта наметавонад ва барои ҳифзи арзишҳои миллии худ талош мекунанд, то равандҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ манфиатҳои миллии онҳоро зери хатар нагузорад ва суботи ҷомеаро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст вайрон насозад. Албатта манфиати миллии ҳар як давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат буда, муҳимтарин неъмати истиқлолият суботи ҷомеа мебошад.
Имрӯз ҷаҳони муосир ба ғайр аз рушду пешравиҳои бесобиқа ба мушкилоти гуногун пешорӯ аст. Аз ҷумла, хатари ифротгароӣ ва терроризм ба ҳамаи давлатҳо таҳдид мекунад. Давлати мо имрӯз тамоми қудрату тавоноиро дорад, ки аз худ дифоъ намояд ва суботи ҷомеаро таъмин созад. Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон қайд намуда буданд, маҳз муборизаи муштарак ва оштинопазир ба ин зуҳуроти номатлуб метавонад моро аз ин мушкилӣ раҳо намояд. Дар баробари ин, донишу маърифати ҳуқуқӣ ташаккул дода шавад то ҳар фарди ҷомеа хатари ин амалҳои номатлубро дарк намоянд ва дар куҷое набошад манфиати миллии ватани худро аз ҳама арзишҳои дигар боло гузорад. Имрӯз ба ватани азизи мо маҳз ба шахсони огоҳ, зирак, ҷаҳонбинии васеъдошта, ватандӯст ва таҳамулпазир эҳтиёҷ дорад, то ин дастовардҳои имрӯзаро на танҳо ҳифз намоянд, балки рушду инкишоф дода, ба дастовардҳои нав ба нав соҳиб шаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ қайд намуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза баҳри субботу амнияти кишварамон аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем». Вобаста ба ин дастуру супоришҳо моро лозим аст, ки дар байни қишрҳои ҷомеа корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳо ва конфронсҳои илмию амалӣ гузаронида, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор ҷашн гирем ва заррае ҳам бошад дар устуворӣ ва бақои давлати маҳбубамон саҳмгузор буда, барои саодатмандии халқамон масъул бошем.
Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД