Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШАШМАҚОМ ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
Таҳти ин унвон имрӯз, 8 май бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода дар театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи шашмақом чорабинии бошукуҳе баргузор гардид.
Муовини раиси вилоят сараввал ҳамаи ҳунармандони ин риштаи мусиқии асили тоҷикиро бо ин рӯзи фараҳбахш аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шахсан аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид табрик ва муборакбод намуд.

Ӯ қайд кард, ки шашмақом сирф мусиқии классикии тоҷикон буда, таҷассумгари тафаккури мусиқии миллии мардуми мо ба шумор меравад. Эълон гардидани 12-уми май, ҳамчун Рӯзи шашмақом дар кишвар далели равшани таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар нисбат ба ин жанри миллии мусиқӣ буда, дар партави ғамхориҳои Давлату Ҳукумати мамлакат кулли мардуми Тоҷикистон ба ин ҳунари мардумӣ ҳамчун мусиқии классикии миллӣ рағбат ва арҷгузорӣ менамоянд.

Анзурат Абдусаломзода афзуд, ки шашмақом маҳсули дастранҷи садҳо устодони забардасту хушилҳоми тоҷик мебошад, ки тайи қарнҳову замонҳои мухталиф дар ҳамбастагӣ бо дигар ҳунарҳои зебо, кабл аз ҳама бо нозуктарин падидаҳои назми классикии тоҷикӣ тавъам аст.

Баҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат, ки фарҳангу ҷавҳари ҳастии миллат азрёбӣ кардаанд, ҳақиқати воқеии таърихӣ, асолати фарҳанг ва нақши бузурги онро дар рушди маънавиёти ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳуввият ва арҷгузорӣ ва арзишҳои фарҳангиро ифода мекунад.
-Мақоми ҷаҳонӣ касб кардан ва ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии “Юнеско” шомил намудани санъати суннатии шашмақом, фалак, номинаи чакан ва ёдгориҳои бостонӣ бори дигар аз таъриху тамаддуни пурифтихори тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Мазҳ сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки мардуми мо дубора мусиқии классикии тоҷик, шашмақомро ба пуррагӣ омӯзанд ва боиси ифтихор аст, ки ин санъати мусиқии миллии моро ҷаҳониён ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги миллати тоҷик эътироф менамоянд, - гуфт ӯ.

Дар идомаи ин чорабанӣ аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангинеро саршор аз суруди таронаҳои пурмазмун пешкаши иштирокчиён карда, аз ҷониби аҳли нишаст хӯш пазируфта шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



