Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ш ӯ Х ӣ
Ошхонаи тобистона пур аз одам буд. Одамон сари мизҳо ду-ду, се-се ё чаҳорнафарӣ нишаста ғизо мехӯрданд, чой ё оби ҷав менӯшиданд, бо ҳам суҳбат мекарданд, хандаю баҳс менамуданд. Фаввораи саҳни ошхона кор мекард ва дар фавраи об, ки боло мепариду поён мерехт, аз нурҳои офтоби майли ғурубдошта рангинкамон бозӣ менамуд.
Духтарони пешхидмат дар даст лаълиҳои пур ё холӣ, байни мизҳо бо чобукии ҳайратовар даву тоз мекарданд ва ҳар вақт аз назди кабобпаз, ки дар гӯшае болои манқали худ хам буд, мегузаштанд, бидуни он ки лаҳзае таваққуф бикунанд, бо садои баланд нидо медоданд:
-Акаи Салим, ду сих гӯсфандӣ!
Се-чаҳор нафар пешхидматдухтари дигар паҳлуи ҳам дар даромадгоҳи ошхона болои курсиҳо нишаста, пойҳои худро бозикунон бо ҳам чақ-чақ мекарданд, гоҳ-гоҳе бо овози баланд механдиданд.
Дар ин лаҳза писарбачаи 10-11 солае, ҳамели писта дар даст, вориди ошхона шуд. Ӯ бо парешонӣ гоҳ ба сӯи гӯшае, ки ду нафар паҳлавонпайкар машғул ба фурӯхтани оби ҷав ва машруб буданд, гоҳ ба пешхидматҳо, ки аслан ба ӯ эътино намедоданд, чашм андохта, ба ҳар миз наздик меомад ва моли худро пешниҳод мекард:
- Писта намехарӣ, ака? Пистаи шӯрак.
Аммо дар ошхона нишастагон яке бо ишораи даст, дигаре бо ишораи сар пешниҳоди писарбачаро рад мекарданд. Писарбача маъюс шуд ва бо умед бо гирду атрофии худ чашм давонд.
Нигоҳи яке аз пешхидматдухтарони дар дами баромадгоҳ нишаста ба писарбача афтод ва ӯ имо кард, ки наздик ояд. Писарак хурсанд шуду бо шитоб назди духтарон омад. Духтарон чанд ҳамел пистаро ҷудо карда гирифтанду ноаён ба ҳам чашмакӣ заданд ва яке аз онҳо гуфт:
- Дар ин ҷо чизе фурӯхтан мамкин нест, инро медонӣ бача? Зуд худатро гум кун!
- Пули маро намедиҳӣ, апа?
- Кадом пул? Ай! Ҳозир даҳсомонӣ додамат- ку!
- Надодӣ, апаҷон! Бовар накунӣ, ҷебакҳоямро бикоб.
- Додам, додам, гумшав!
- Қуръон бизанам, надодӣ, - бо овози гиряолуд гуфт писарбача.
Назоратчии тартиботи ошхона, марди бурутдори қавиҳайкал ба писарбача наздик омад ва ӯро, ки ҳоло гиряро сар додаю намехост берун равад, бо нармӣ сӯи баромадгоҳ тела дод. Худ дар даромадгоҳ истод, то писарбача дигар ворид нашавад.
Писабача рӯ ба рӯи даромадгоҳ, болои замин нишаста, ҳунгос гиря мекард ва пешхидматдухтаронро бо алфози қабеҳ дашном медод.
Духтарон дар ҷавоби дашномҳои ӯ қоҳ-қоҳ механдиданд.
Гадозане, ки канори пиёдараҳа назди худ рӯймолчаашро паҳн карда менишаст, аз ҷо бархост ва доманашро афшонда, болои сари писарбача омад.
- Чӣ гиря мекунӣ?
- Пистаҳоямро гирифтанду пуламро надоданд. Очаам гуфта буд, ки пистаҳоро фурӯхта нон харам.
- Ота дорӣ?
- Не, дар Россия мурд.
- Додару хоҳар чӣ?
- Ҳо, сето.
Гадозан лаҳзае андешамандона ба писарак нигарист ва сипас рӯймолчаашро боз кард.
- Бачам, ин ҷо ду-се сомонӣ танга ҷамъ шудааст, бигир инҳоро.
Писарбача, ки бо муштаконаш ашки чашмонашро пок мекард, сар ҷунбонд.
-Даркор нест. Ба манн пулҳои худамро диҳанд, - гӯён писарак бо аламу хорӣ аз нав ба гиря шуруъ кард.
Пешхидматдухтарон хеле хандиданд, сипас яке аз онҳо аз ҷо хесту пеши писарак омад ва аз кисачае, ки камараш баста буд, пулеро берун оварда болои зонуҳои писарбача партофт.
- Ма, бигир пулҳота. Ту шӯхиро ҳам намефаҳмидаӣ! Муре…
Писарак пулҳоро саросемавор ба ҷайб зада, аз ҷо бархесту зуд аз назди ошхона дур шуд. Ӯ мерафту аммо ҳиқ-ҳиқи гиряро ҳеҷ боздошта наметавонист.
(Акс аз интернет)
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



