Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗИНДАГӢ
Зан болои кати рӯйи ҳавлӣ нишаста, гӯшт қима мекард. То барои аҳли хонаводааш ғизо омода бисозад. Вақте кори худро анҷом дод, қимаи худро бардошту дохили ошпазхона рафт. Дар болои кат як резаи хурди гӯшт боқӣ монда буд. Магасе парида омаду болои резаи гӯшт нишаст, овораи худро ба он фурӯ бурда ва бо лаззат, бо иштиҳо шурӯъ намуд ба ҷаббидани шираи гӯшт. Магар бӯйи гӯштреза магасҳои дигарро низ ба худ кашид, ки гирди магаси аввал ҷамъомаданд.
Часпу талоше ҳайратовар дар атрофии резаи гӯшт оғоз шуд. Ҳар кадоме аз ин магасҳо кӯшиш мекард они дигарро дур биронад ва худ аз маззаи гӯшт лаззат бибарад. Ба ин часпу талош, ҳамдигарро бо болҳояшон тела додан, ба ҳам фишор овардани магасҳо парида омадани занбӯраке хотима бахшид. Чун магасҳо аз назди резаи гӯшт дурр шуданд, занбӯрак худро болои он афканд. ӯ хеле кӯшиш кард, ки резаро бардораду биравад. Аммо резаи гӯшт байни орвораи ӯ намеғунҷид. Пас аз саъйи зиёде занбӯрак тавонист резаро бо оворааш бигирад.
Аммо сарнавишт кори худро кард. Дар он лаҳзае, ки занбӯрак омода буд бо ғанимати хеш парвоз бикунад, занбӯри калони сурхе ҳозир шуд, худро ба занбӯрак афканд ва занбӯракро якҷо бо резаи гӯшт бардошту рафт...
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



