Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Меҳрнома
Бо ин Ватани нозанин, ватани гулгулафшонам ифтихор дорам. Ватани ҳамешабаҳор, ватани баҳори бехазонам, ман туро чун модарам дӯст медорам. Дӯст доштани Ватанро модарам ба ман омӯхта буд, зеро Ватан хонаи умеди мо, хонаи бахту саодат, хонаи иқболи мо аст.
Эй Ватан, эй зебодиёрам, эй беҳтарин макони рӯйи олам, эй Тоҷикистони ба ҷон баробарам. Ту бароям муқаддасу азизӣ. Ту моро фарзандвор дар оғӯшат бо ноз парварида, барои зиндагии мо беҳтарин шароити зиндагӣ муҳайё месозӣ.
Барои он ки миллат дар қаъри дарёи ҷаҳолат ғарқ нагардад, пайваста бар он мекӯшӣ, ки ҷавонон дар мактабҳо таҳсили илм намоянд, хирад аз худ кунанд. Барои хондани мо дар мактабҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам меорӣ. Барои он ки ҷавонон аз давраи ҷавонӣ лаззат баранду даврони хуби ҷавонӣ дошта бошанд, барои истироҳати онҳо дар кишвар тамоми имкониятҳо рӯйи кор меорӣ. Барои он ки мо, ҷавонон соҳибмаълумот гардем тамоми имтиёзҳо додаӣ. То мо тавониста бошем дар макотиби олии кишвар ва берун аз он таҳсили илм намоем. Дар кӯчаҳоят сарбаландона қадам мезанем, аз ҳавои покат нафас мекашем. Чун кабутаракон дар ошёнаи кохи ваҳдат парпарзанон меболем.
Ифтихор мекунем, ки тоҷикем ва соҳибватанем. Ба зиндагӣ бо чашми ҳақиқат назар меандозем ва барои ояндаи дурахшон нақшаҳои ҷадид тарҳрезӣ менамоем. Зиндагиро бо ҷону дил дӯст медорем, ки онро хушу бофароғат дар соҳибистиқлолии Тоҷикистони дарёфтем. Ман ҳаргиз Ватанро аз Модар ҷудо намекунам. Чунки Ватани ман Модари ман аст.
Чӣ хушоянд аст, ки Пешвои маҳбуби мо Тоҷикистонро кишвари ҷавонон унвон карданд.Зеро мо, ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастем ва дар ин росто Сарвари муаззам ва халқи бузургворамон ба мо эътимодӣ қавӣ доранд.
Бинобар ин ман ҳаргиз аз хизмат ба Ватане, ки чун Модар азизу гиромӣ аст, саркашӣ намекунам. Хизмат ба Ватан шараф аст.
Ин хислатҳои нек, яъне, ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, хизмат ба халқу Ватанро ман ҳанӯз аз синни хурдсолиам дар ниҳоди хеш парваридаам. Ва сарбоз шудан низ орзуи деринаи ман буд ва имрӯз худро хушбахттарин фарзанди Модару Ватан меҳисобам. Зеро ман ба хизмат меравам, карзи хешро дар назди Ватану халқи азимам адо менамоям. Мо, ҷавонони ноҳия ҷавонони боору нанг ҳастем Мо ҳамеша дар ҳимояи Ватану Модар омода ҳастем ва агар лозим шавад барои ин ду муқаддасот ҷони ҷавони хешро нисор мекунем.
Хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо шараф аст, чунки мо ба ҳимояи миллату Ватан меравем. Мо намегузорем, ки қадами номубораки душман ба сарзамини поки мо расад ва онро олуда созад.
Зинда бод,Тоҷикистони азизи мо! Зинда бод сулҳу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар кишвари мо! Зинда бод, Пешвои муаззами миллат ва мардуми саодатманди тоҷик!
Амонулло Тайланов,
сокини ноҳияи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



