Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. ФЕСТИВАЛИ “САД РАНГИ ЧАКАН” БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз 12-уми апрел дар театри вилоятии мусиқӣ - масҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Фестивали мазкур дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, таҳти № АП318 "Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмун, анъанаю ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар вилояти Хатлон барои соли 2024" ба роҳ монда шудааст.

Мақсад аз баргузории ин фестивали сатҳи баланд, тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ, муаррифии тарҳҳои навгунаи сарулибоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати ҳунарҳои аҷдодӣ аз қабили нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.

Дар фестивал зикр гардид, ки чакандӯзӣ аз ҳунарҳои бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, аз насл ба насл ба мо мерос мондааст. Дар воқеъ чакан яке аз либосҳои сирф миллии тоҷикон буда, дар худ таърихи куҳани миллатро бо нақшҳои зебои заҳмати бонувони чирадаст инъикос мекунад.

Ҳунармандону тарроҳон ва чакандғзҳое, ки дар ин фестивал маҳсули дастранҷи хешро пешкаши ҳозирин гардонида буданд, аз ҷониби масъулин бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



