Бойгонӣ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Муҳтарам аҳли қалам, 
Cобиқадорони матбуот, ҳозирини арҷманд!
Рӯзи матбуот, ки дар арафаи истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад, Шумо - рӯзноманигорон, ноширон ва тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбӣ - Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, бароятон комёбиҳои эҷодӣ ва рӯзгори хушу осуда таманно мекунам.
Қабл аз ҳама, мехостам ба ҳар яки Шумо барои ҳамкории хубу пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят самимона миннатдорӣ баён намоям. 
Заҳмати тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиеро, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, мо қадр мекунем ва сипосгузорем. Дар ҳақиқат, мо эҳсос мекунем, ки эҷодкорони Хатлонзамин ҳамеша аз манфиатҳои миллию давлатӣ пуштибонӣ намуда, дар муқобили таҳоҷуми иттилоотии ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ муқовимати устувор нишон медиҳанд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд. 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад.
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик хабари хуше ба шумо мерасонем, ки мо Шӯрои машваратии рушди ВАО-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро таъсис додем. Шӯрои мазкур дар баробари нафарони масъули мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони соҳаро муттаҳид намуда, дар ҷаласаҳои Шӯро масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор мегиранд. 
Бо ташаббуси ҷадидони Бухоро аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои Шариф»  санаи 11-уми марти соли 1912 дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л.Н.Левин, воқеъ дар шаҳраки Когони Бухоро, нашр гардид.
Ҳанӯз 112 сол муқаддам «Бухорои Шариф» доир ба рисолати рӯзномаю рӯзноманигорӣ навишта буд: «Рӯзнома  воситаест, ки ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад, навъи инсонро аз тасаввуроти ҳамдигарӣ мутталеъ менамояд, ба воситаи мутолиа ва тасодуми афкор масоили лозимаи маошия ва маодияро машрӯҳ месозад, тағйироту таҷдидоти ҳақиқатро ба олами ваҳму гумон ба арсаи шаҳодату баён меандозад. Мухтасар ин, ки рӯзнома беҳтарин асбобе аст дар нашру таъмими маориф ва муонасати банӣ навъи инсонӣ».
Айни ҳол бо мақсади таъмини пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилоот дар фазои иттилоотии вилояти Хатлон 60 воситаи ахбори омма фаъолияти пурмаҳсул анҷом медиҳанд. Дар баробари шабакаҳои телевизионию интернетӣ ва матбуоти даврии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар вилоят инчунин 4 шабакаи телевизионии маҳаллӣ – шабакаҳои телевизиони вилоятӣ ТВ «Хатлон», ТВ «Кӯлоб», телевизионҳои мустақили шаҳри Бохтар - «Қӯрғонтеппа» ва «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, радиои вилоятии «Радиои Хатлон», радиои «Кӯлоб» рӯйи мавҷ баромада, 53 адад нашрияҳои расмӣ (48 нашрия ва 5 маҷалла) нашр мегарданд.
Вилояти Хатлон дар муқоиса бо минтақаҳои шимолу шарқи ҷумҳурӣ дертар, танҳо дар оғози солҳои 30-юми асри ХХ соҳиби рӯзномаҳои худ гардид. То он замон зиндагии мардуми ин минтақа ва рӯйдодҳои муҳими онро мухбирони нашрияҳои русии Туркистон ва рӯзномаи тозатаъсиси «Тоҷикистони Сурх» инъикос мекарданд. 
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир доранд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, воситаҳои ахбори омма хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. 
Ман умед дорам, ки қаламкашон донишу малака ва қобилияти эҷодии худро мунтазам ба сӯйи ҳадафҳои неку созанда равона карда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, таҳкими сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти нангини ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Имрӯз, ки дунёи зудтағйирпазиру пуртазод дучори буҳрони шадиди маънавӣ гардидааст, Иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара дида бештар афзун намудааст. Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ, гурӯҳҳои ифротгаро, бадалшавии идеологияҳо, таҳоҷуми иттилоотӣ ва таҳдидҳои дигари ҷаҳони муосир аз намояндагони васоити ахбори умум ҳушёрии бештареро тақозо мекунад. Ин равандҳо аз  кормандони расонаҳои хабарӣ ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди касбиро тақозо менамоянд. 
Нашрияҳои даврӣ дар вазъияти ҳассоси ҷаҳон бояд истиқлол, ваҳдат ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои гурӯҳӣ боло гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Боварӣ дорам, ки фаъолони вилоят барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар оянда низ ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил мегарданд. 
Дар Рӯзи матбуоти тоҷик барои рӯзноманигорон ва кулли ҳаводорони матбуот пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно дорам. Бигзор, матбуот чун минбари озод ва инъикосгари вазъи воқеии ҷомеа хидмати беғарази худро минбаъд низ ба сомон расонад.
Иди касбиатон муборак бод, рӯзноманигорони азиз!
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019