Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Садоқат ба Ватан
Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номус, хусусан, ҷавонон маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон содиқу меҳанпарвар ба хизмати ҳарбӣ хеле зиёд мебошад. Имрӯз ҷавонон хуб дарк менамоянд, ки хизмат ба Ватан вазифаи аввалиндараҷаи онҳост. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои мо ҷавонон мактаби ҳаёт ва мардонагӣ аст. Мо ҷавонон маҳз дар даврони адои хизмат моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк мекунем ва сабақи далерию шуҷоат ва садоқат ба Ватанро меомӯзем. Хизмати ҳарбӣ ҳар шахсро обу тоб дода, ба зиндагии мустақилона омода месозад. Ҳар як ҷавонмарди ба камолрасида бояд аз ин мактаби ҳаёт ва мардонагӣ гузарад, зеро ҳар ҷавоне, ки аз ин мактаб мегузарад, фардо дар зиндагӣ босабру ботаҳаммул мегардад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз теъдоди зиёди ҷавонон, хусусан, ҷавонони дорои маълумоти олӣ ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ меафзояд ва онҳо бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан, оромию осудагии кишвар ва баҳри иҷрои уҳдадориҳои хеш ҳозир мешаванд. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам муқаррар карда шудааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро вазифадор намудааст, ки манфиатҳои давлати худро ҳимоя иқтидори мудофиавиамонро мустаҳкам ва барои ҳифзи марзу бум қарзи ҷавонмардии худро иҷро намоем.
Аз сарбози иттилоотӣ то сарбози қаторӣ
-Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хостам сарбаландона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, хизмати Ватан-Модарро адо намоям. Тасмими ба хизмат омаданам аз таҷрибаю фаъолияти кориам маншаъ мегирад. Азбаски дар ихтисоси рӯзноманигорӣ таҳсил мекардаму ба эҷод завқи баланд доштам, дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, инчунин бо якчанд нашрияҳои вилояти Хатлон, хусусан, рӯзномаи “Новый Хатлон” ҳамкорӣ доштам . Вақте ки мавсими сафарбаршавии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шуруъ мегардид, дар бораи ҷавононе, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мерафтанд, бо онҳо суҳбат намуда, барои ибрати дигар ҷавонон дар матбуот мақолаҳо нашр мекардем. Худ шоҳид будам, ки онҳо чӣ хел бо як ғурури мардонагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ сарбаландона ба хизмати ҳарбӣ мерафтанд. Онҳоро дида ман ҳам тасмим гирифтам, ки баъди хатми донишгоҳ ба хизмати Ватан – Модар рафта, қарзи фарзандии худро баҳри ин Ватан адо намоям. Ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмалик рафта, барои довталабона ба хизмати ҳарбӣ рафтан ариза навиштам. Хостам дар баробари сарбози иттиолоотӣ будан, инчунин сарбози қаторӣ низ бошам.
Инак тули даҳ моҳ мешавад, ки дар қисми низомии 06870-и Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ҷавонмардони матиниродаи меҳан хизмати Модар – Ватанро адо намуда истодаам. Вазифаи ман дар қисми ҳарбӣ норинҷакандоз мебошад ва пайваста кӯшиш мекунам, ки ҳама он супоришҳое, ки аз ҷониби командирону ҳайати роҳбарӣ мешавад, бечунучаро иҷро кунам. Ман ҳамчун як сарбози Ватан ифтихор аз он дорам, ки дар сафи ҷузъу томи десантӣ адои хизмати ҳарбӣ менамоям. Дар ҳақиқат хизмат кардан дар сафи ҷузъу томи Қӯшунҳои зудамал, хусусан, дар Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантӣ барои ҳар як ҷавонмарди матиниродаю диловар боиси ифтихор буда, моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии худро аз даст надода, баҳри ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон ҳамеша омода бошем.
Дар ҳақиқат хизмат кардан дар навъи қӯшуне, ки сарҳадоти заминиву фазои сулҳу суботи кишварро назорат ва ҳифозат мекунад ва доимо ба ҳама гуна вазъият омодаву амал менамоянд, барои ман ҳамчун як сарбоз ифтихори волост. Мо сарбозон бояд миёни ҳамдигар дӯсту бародар бошем ва ба монанди ангуштони як даст, шохаҳои як дарахт ва фарзандони як модар хизмат намоему давлату миллатамонро ҳимоят кунем, зеро хушбахтии ҳар як хонадон, оромию осудагии мардум аз ҷонбозиҳову бедорхобӣ ва ҳушёрию зиракии ҳарбӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ ҳар яки мо хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки кинаву адоват ва хашму хусуматро аз дили худ дур намоему меҳру муҳаббат ва дӯстию бародариро миёни худ талқин намоем ва бо омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавию ҳушёрию зиракӣ хизмат намоему Ватанамонро аз душманон муҳофизат кунем.
Фаъолият ва шароити сарбозӣ дар қисми ҳарбӣ
Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал яке аз неруҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он дар арсаи байналмилалию минтақавӣ як қатор уҳдадориҳои муҳимро доро мебошад. Имрӯз боиси ифтихор аст, ки ман ҳамчун як сарбоз дар ҳайати шахсии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, қисму воҳидҳои низомии Қӯшунҳои зудамал ва умуман дар сафи Артиши миллӣ шомил мебошам. Ман ҳамчун як сарбози қисми ҳарбӣ бо боварии комил гуфта метавонам, ки имрӯз шароити буду боши сарбозон дар қисми ҳарбӣ рӯз аз рӯз хубтару беҳтар гардида истодааст. Айни замон дар қисми низомии мо корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 31- солагии Қувваҳои Мусаллаҳ бо ҷалби сарбозон, бомаром идома дорад. Аз ҷумла бинои хобгоҳи дуошёна барои сарбозон, ҳаммоми замонавӣ, таъмиру азнавсозии толори варзишӣ ва таъмири дигар иншоот бомаром идома дошта, дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад. Танҳо мо сарбозонро зарур аст, ки бо омодабошии баланди ҷангӣ интизоми намунавӣ баҳри ин Ватан хизмат намоем.
Дар шароити имрӯза аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мо- хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳамқадами замон буда, чи дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби командирон ба мо дода мешавад, бе ягон камбудӣ иҷро намоем. Ҳама он техникаву таҷҳизотҳои ҷангӣ ва истифодаи силоҳу аслиҳае, ки ба мо вобаста шудааст, ба хуби омӯзему онро самараноку мақсаднок истифода бурда тавонем. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз қисми зиёди афсарони Бригадаи мазкурро мутахассисони сатҳи баланди касбӣ, хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар ташкил менамоянд, ки ба мо сарбозон тамоми нозукиҳои хизмати ҳарбиро , аз ҷумла дуруст истифода бурдани яроқу аслиҳа ва техникаи ҷангӣ, машқҳои тактикии махсус, машқҳои кӯҳию кӯҳнавардӣ, омода будану амал намудани ҳаёти шахсӣ дар майдони ҷангро меомӯзонанд.
Даъват ба хизмати ҳарбӣ
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат шароити хизмати ҳарбӣ аз пештара дида хубтару беҳтар шуда истодааст. Танҳо ҷавонони моро лозим аст, ки ҷавонмардона ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо рафта, довталабона ба сафи Артиши миллӣ пайванданд. Имрӯз Артиши Тоҷикистон, хусусан, қисмҳои низомӣ ба мутахассисони баландихтисос, афсарону сарбозони обутобёфта ва дорои баланди ҳисси ватандӯстӣ аз ҳарвақта дида бештар ниёз дорад. Аз ҳаёт ва фаъолияти хизматии худ гуфта метавонам, ки мо сарбозон итминони комил дорем, ки иқтидори мудофиавии кишварамон барои ҳифзи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар басандааст ва ҳеҷ қуввае наметавонад, ки оромию сулҳу субот ва осоиштагии миллату давлатро халалдор созад. Барои ин ҳар як ҷавонмардро лозим аст, ки нангу номуси ҷавонмардии худро бедор намуда, омода баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан, оромию, осудаҳолии хонадонамон ва якпорчагии кишвари биҳиштосоямон камарбанди ҷавонмардӣ ба тан намуда, хизмати Ватан- Модар намоем. Ман ба ҷавонон ва ҳамсолони худ муроҷиат намуда, даъват мекунам, ки омада якҷоя баҳри пешрафт ва оромию ободии Ватан хизмат намоем ва вазифаву уҳдадории шаҳрвандии худро дар назди халқу миллат адо намоем. Ман ҳамчун хизматчии ҳарбии ҷузъу томи десантӣ бо боварии комил ваъда медиҳам, ки ҳушёрию зиракии худро аз даст надода, бо омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ баҳри пешрафт ва шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми худро мегузорем ва то ҷон дар бадан дорам ба Ватани худ, ба миллати худ ва бар савганди худ содиқ мемонам.
Хайрулло Саъдуллоев,
хизматчии ҳарбӣ аз қисми низомии 06870-и
Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали ҚМ ҶТ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД