Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СИЁСИШАВИИ ДИН, ОМИЛИ ПАЙДОШАВИИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ГАРДИДААСТ...
Дар ноҳияи Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилоятӣ дар мавзуи «Сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гурӯҳҳои динӣ- ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Шуҳрат Азиззода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулмаҳмадзода, ректори Донишкадаи исломӣ Зокирзода, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, муовинони идеологии раисони шаҳру навоҳии вилоят, мудирони маориф, масъулони шуъбаю бахшҳои кор бо ҷавонон, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷавонон, занон ва оила ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки дар замони муосир хавфу хатарҳо зиёд гардидааст. Ҷавонону наврасон тибқи интернету шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ гардида, боиси зиёд шудани ақидаҳои ифротӣ ва гаравидани бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мегардад. Ин падидаҳои номатлуб бо сабаби надонистани ҳуқуқу озодиҳои хеш ва маърифати ҳуқуқӣ сар мезананд.
Зикр гардид, ки зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудаааст ва он ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.

Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон зикр намуд, ки хавфи репутатсионӣ яке аз хатарҳои замони имрӯза мебошад. - «Хавфи репутатсионӣ», яъне аз даст додани боварӣ, эҳтиром ё ин ки нуфузи намояндагони як миллат дар назди ниҳодҳои хориҷӣ, мисли ташкилоти байналмилалӣ, маблағгузорон ва воситаҳои ахбори оммаи ҷомеа мебошад. Иштирок намудани шаҳрвандони ин ё он мамлакат дар ҳаракатҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ ба паст задани мақому мартаба ва имиҷи миллату давлатҳо бурда мерасонад.

Қайд гардид, ки барои дур намудани ақидаҳои ифротӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ фаъолон ва тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан се ниҳод- мактаб, оила ва ҷомеа бояд дар ҳамбастагии зич кор баранд.
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



