Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СОДИРШАВИИ ҶИНОЯТ АЗ ҲИСОБИ НОБОЛИҒОН КАМ ШУДААСТ
Аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон, соли сипаригардида барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълимиу тарбияи фарзанд” нисбати 813 падару модар ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Дар натиҷа 412 омӯзгор ва шахси масъули муассисаҳои таълимӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Дар ин бора аз Прокуратураи вилояти Хатлон ба “Сафо” хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта барои монеъ шудан ба гирфитани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ нисбати 76 волидайн парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Инчунин дар ин сол аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди вилоят 150 ҷиноят содир шудааст, ки назар ба соли 2022 ба андозаи 56 ҷиноят кам аст.
Зикр гардид, ки нисбати назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон 160 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, зарар ба маблағи 27,5 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



