Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
УМРИ ДУБОРАИ ДУЧАРХАҲО
Абдуғаффор аз хурдӣ мисли дигар кӯдакону наврасон дучархарониро дӯст медошт. Ҳар боре, ки велосипедаш вайрон мешуд, ӯро падараш ба назди усто мефирист. Вақте бародарони Абдуғаффор низ дучарсавор шуданд, ниёз ба кори таъмиргар бештар шуд. Падари Абдуғаффор ба фарзандаш гуфт, ки ба кори усто бо диққат таваҷҷуҳ карда, ин ҳунарро омӯзад. Ҳамин тавр Абдуғаффор зуд-зуд ба назди усто Эргаш рафта, доир ба дучархасозӣ тасаввурот пайдо кард. Ӯ аввал танҳо велосипедҳои худу бародаронашро таъмир мекард. Оҳиста-оҳиста аз ҳамсинфону рафиқонашро ҳам таъмир мекардагӣ шуд. Вақте падараш дид, ки писраш ба ин кор майл дорад, аз бозор қисмҳои эҳтиётии дучархаҳои хурдро харида, ба Абдуғаффор дастур медод, ки велосипед созад. Дар аввал ин навраси ҳушманд, дар ҷобаҷогузории баъзе аз қисмҳо каме мушкилӣ мекашид. Вале бо маслиҳати устодаш аз уҳдаи ин кор мебаромад.
-Ҳангоме, ки аввалин дучархаро як сол пеш худам мустақилона омода кардам, падарам онро фурӯхта, фоидаашро ба дастам дод. Ва гуфт, ки агар ҳамин тавр корро хуб идома диҳам, даромадам зиёд мешавад. Аз ҳамон лаҳза шавқу рағбатам ба дучархасозӣ бештар шуд, -нақл мекунад аз оғози кор Абдуғаффор.

Ҳарчанд Абдуғаффор аллакай дар ин кор таҷриба андухтааст, аммо ба гуфтаи падараш ӯ ба дарку фаҳми соҳибкорӣ, донишҳои молиявӣ, ҳисобу китоб ва амсоли инҳо эҳтиёҷ дошт. Бар замми ин вай бе кумаки амалии падар дар фурӯхтани дучархаҳои истеҳсолкардааш мушкилӣ мекашид. Чун Абдуғаффор ниҳоят писари шармгин ва ба нақли худаш ҳатто дар ҷамъомади пагоҳирӯзии мактаббачагон боре ҳам баромад накарда буд.
-Рӯзе намояндагони шуъбаи маориф ба мактабамон омада, дар бораи лагери инноватсионии “Пешсаф” маълумот доданд. Тибқи эълони онҳо ман ҳамроҳ бо бародару рафиқам лоиҳаи худро бо ёрии омӯзгорон таҳия намуда, барои иштирок дар ин омӯзиш дархост намудем. Ва бо гузашти бештар аз як моҳ моро ба ин лагер даъват намуданд, - иброз менамояд Абдуғаффор.
Иштирок дар лагери номбурда ба Абдуғаффор неруи дигар бахшид. Худбории ӯ афзуд ва аз ҳарвақта дида робитасоз гардид. Чун дар лагер вай маҷбур буд, ки ҳамроҳ бо ҳамдастагонаш лоиҳаи худро коркард ва такмил дода, онро ба дигарон муаррифӣ намояд.
-Дар лагер ба нақшагирии кор ва ҳисобкунии дақиқи хароҷоту даромадро омӯхта, тасмим гирифтам, ки аз имконияти фароҳамоварда самаранок истифода барам, - мегӯяд ин наврас. – Лоиҳаи пешниҳоднамудаи мо, ки оид ба рушди дучархасозӣ дар шароити хона буд, дастгирӣ ёфт. Дар доираи он ба мо имкон пайдо шуд, ки асбобу анҷом, дастгоҳҳои лозимаи техникӣ ва қисмҳои эҳтиётии велосипедҳои калонро дастрас намуда, истеҳсоли онро низ ба роҳ мондем. Дар ин баробар бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳои нави корӣ дучархаҳои мизоҷонро таъмир карда, даромади иловагӣ ба даст оварда истодаем, -бо хушнудӣ илова намуд ӯ.
Абдуғаффор ва бародаронаш қисмҳои асосии велосипедҳоро аз нуқтаҳои оҳанқабулкунӣ ва боқимондаи онро аз бозор харида, ба дучархаҳои корношоям умри дубора мебахшанд. Яъне, ин навраси кордон қисмҳои оҳанини партофташудаи велосипедҳои гуногунҳаҷмро таъмиру коркард ва рангубор намуда, онҳоро аз нав ба истифода медиҳад.
- Қисмҳои оҳанини дучархаҳоро аз дохили тӯдаи оҳанпораҳо гирифта, ҳар килограмми онро 5 сомонӣ мехарем. Як велосипеди хурд бо харҷи 100-120 сомонӣ омода мешавад ва онро мо 180-200 сомонӣ ба фурӯш мегузорем. Ҳамон дучархаҳо дар бозор 400-500 сомонӣ арзиш доранд. Аммо бо фарқ аз онҳо дучархаҳои истеҳсолнамудаи мо мустаҳкамтар мебошанд. Барои ҳамин талабгорони зиёд доранд, зикр менамояд ин навраси меҳнатдӯст.
Абдуғаффор ҳамроҳ бо бародаронаш ҳар рӯз 2-3 дучарха сохта, ҳафтае як маротиба рӯзи ҷумъа дар назди масҷиди марказии шаҳри Бохтар ва баъзан аз назди велосипедфурӯшони бозор ба маҳсули дасташ харидор меёбад.
Имрӯзҳо Абдуғаффор Ҳаитов аз кору даромадаш қаноатманд аст. Ӯ аллакай фаъолияташро равнақ бахшида, ба таъмири чархҳои скутерҳои барқӣ оғоз намудааст. Ҳамчунин, ҳоло вай қисмҳои дигари ин нақлиётро низ омӯхта, тасмим дорад, ки доираи фаъолияташро боз ҳам васеътар намояд.
М. Амонҷон
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
Дастони пурэъҷоз




