БУНЁДИ ЗИЁДА АЗ 6200 ИНШООТ ДАР НАҚША

Бо доираи васеи рӯзноманигорон 15-уми феврали соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар нишаст муовини аввали раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода ва дигар муовинони раиси вилоят иштирок намуданд.

Музаффар Мирзозода аз ҳамкории судманди намояндагони ахбори омма бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуда, сипосу миннатдории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро, ки бо сафари корӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанд баён намуд. 


Ӯ зикр кард, ки соли сипаригардида, дар натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 36 миллиарду 64,7 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба соли 2022-юм 8,3 фоиз мебошад, - гуфт муовини якуми раиси вилоят. 

Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2 миллиарду 966,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 2 миллиарду 618,3 миллион сомонӣ ё ин, ки 88,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст. 

Шумораи нафақагирон дар вилоят 284134 нафар буда, талаботи нафақапулӣ, ки 1 миллиарду 178,2 миллион сомониро ташкил мекунад, пурра пардохт карда шудааст. Ҳисоби миёнаи маблағи нафақа 365,08 сомонӣ мебошад, ки нисбат ба соли 2022-юм 47,42 сомонӣ зиёд гардидааст.

Соли 2023 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 3 миллиарду 965,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 955,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.


Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ 503,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 101,1 фоиз ё ин ки 5,3 миллион доллар зиёд мебошад. Содироти мол ба 232,9 миллион доллар расида, воридоти мол ба вилоят 270,6 миллион долларро ташкил медиҳад.

Соли гузашта дар вилоят 71512 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки нисбат ба дурнамои солона 115,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 млрд. 662,1 млн. сомонӣ расида, нисбат ба соли 2022-юм 1 млрд. 53,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва сохтмони 6260 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар 2405 адад бинову иншоотҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбат ба нақшаи умумӣ 38,4 фоиз ва нақшаи соли 2023, ки 1367 иншоот мебошад, иҷроиши он 1481 адад ё ин, ки 108,3 фоизро ташкил медиҳад. 


Дар соли 2023 варзишгарони вилоят дар 184 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 1167 медали тилло, 1107 медали нуқра, 1309 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 3583 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 333 медал зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки теъдоди бонувон дар вилоят 1 миллиону 780 ҳазору 54 нафар буда, 49,2 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 39 ҳазору 854 нафар занон зиёд мебошад. 

Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 27865 нафар, (773 нафар зиёд), тандурустӣ 25602 нафар (1983 нафар зиёд), фарҳанг 1698 нафар, (116 нафар зиёд), сохтмон ва меъморӣ 495 нафар, (30 нафар зиёд), саноат 3407 нафар, (884 нафар зиёд), почта ва алоқа 201 нафар, 2 нафар кам, коммуналӣ 777 нафар, (31 нафар зиёд), бонкҳо 1176 нафар, 283 нафар зиёд (38 нафар роҳбар), кишоварзӣ 162 ҳазору 034 нафар, (27 ҳазору 660 нафар зиёд), роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11 ҳазору 359 нафар мебошад. 

Аз шумораи 188 ҳазору 603 нафар занҳои коргар, 13 ҳазору 887 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 нафар зиёд мебошад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар (9,5%), Маҷлиси вакилони халқи вилоят 24 нафар (34,7%), Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 343 нафар (36,4%) ва Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 1037 нафар занон мебошанд.

Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз ҳамагӣ 23 ҳазору 540 нафар буда, аз инҳо 2 ҳазору 654 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 1 ҳазору 160 нафар бо шаҳодатнома дар низоми махсус, 7 ҳазору 445 нафар бо патент ва 835 нафар ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд. 

Музаффар Мирзозода изҳор кард, ки соли ҷиҳати ҳамкориҳои судманди мақомот бо рӯзноманигорон соли равон дар вилояти Хатлон Шӯрои машваратии рушди воситаҳои ахбори оммаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис дода мешавад. 

Шурои мазкур дар баробари нафарони масъули мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони соҳаро муттаҳид намуда, дар ҷаласаҳои он масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор дода мешаванд.


Рӯзноманигор перомуни масъалаҳои дастгирии занони соҳибкор, сохтмони иншоот дар болои заҳкашҳо дар шаҳри Бохтар, аз кор боз мондани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, мушкилиҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва бунёди иншооти натамом дар ҳудуди вилоят суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. 

Сулаймон СУЛТОНОВ


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара Ахбор / Мақомот АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019