Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЙҲУН. ОМӮЗГОР СОҲИБИ ХОНА ШУД
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳия манзили истиқоматӣ бунёд гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба “Сафо” иттилоъ доданд, манзили зисти пешинаи омӯзгор Мавҷуда Султонова ба таъмири ҷорӣ ниёз дошт. Аз ин рӯ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташаббус нишон дода, дар доираи талаботҳои қонунгузории мамлакат дар замини наздиҳавлигии омӯзгор Мавҷуда Султонова хонаи ӯро аз нав сохт.

Омӯзгор аз ин дастгирии мақомоти маҳаллӣ хушнуд гашта, ҷиҳати дастгирӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳору сипосу миннатдории хешро баён намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки давоми соли 2023 дар маҷмӯъ 33 нафар омӯзгорони ноҳияи Ҷайҳун соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардида, дар оянда низ ин иқдом идома хоҳад ёфт.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



