Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДӮСТӢ. 152 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Дар доираи нақша – чорабиниҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 181 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи болозикр Ҷурабек Идибекзода аз ҷамъи умумии иншооти дар нақшабуда, то ба имрӯз 152 адади он сохта шуда, дар беш аз 20 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Иншооти сохташуда, 30 адад дар соҳаи маориф, 15 адад дар соҳаи тандурустӣ, ду иншооти соҳаи фарҳанг, 10 адад дар бахши варзиш, 15 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 3 иншоот дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар иншоотҳо буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо беш аз 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Гуфта шуд, ки ҳамчунин дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” дар ҳудуди ноҳия бунёди 28 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то инҷониб аллакай 17 адади онҳо аз қабили, корхонаи коркарди пахта, истеҳсоли собун, корхонаи коркарди чигит ва истеҳсоли равған, сехи коркарди регу шағал ва хишти сабук, панҷ адад корхонаи коркарди орд ва як сардхона бунёд гардиданд.
-Мувофиқи нақшаи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, соли 2023 дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 68 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то моҳи декабри соли равон 81 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шуд. Иншооти бунёдшуда 119,1 фоизи нақшаи соли 2023 – ро дар бар мегиранд, - гуфт Ҷ. Идибекзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



